барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ АБДУЛЛО ГУЛ
14 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари таркиш дар кони ангишти наздикии шаҳри Сома, ки мӯҷиби ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардидааст, моро хеле андӯҳгин кард.
Бо ибрози тасаллияти самимона ва таъзияи бародарона хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонед.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2014 №: 91 Мутолиа карданд: 1457