сафарҳо
САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЧИН
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодаи Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, референти калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.05.2014 №: 93 Мутолиа карданд: 1484