сафарҳо
САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЧИН ПУРСАМАР ҶАРАЁН ДОРАД
19 май дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати ТВЕА Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сершумори энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Бо ёдоварӣ аз кори пурсамари ҳаштсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаҳои минбаъда низ аз ҷониби ин ширкат бо сифати баланд ва мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ амалӣ карда мешаванд.
Тавре зикр гардид, давоми 2 моҳи оянда навбати дуюми Маркази барқугармии дуюми Душанбе ба кор дароварда мешавад ва иқтидори он ба 100 мегаватт баробар мегардад. Доир ба бунёди боз ду навбати дигари ин марказ бо иқтидори 300 мегаватт низ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. Бо амалӣ шудани ин лоиҳа иқтидори маркази мазкур ба 400 мегаватт расонда хоҳад шуд.
Чжан Син изҳор дошт, ки ширкати ТВЕА бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла маркази таълимӣ доир ба омодасозии кадрҳои соҳаи электроэнергетика ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намуда, ҳамзамон дар навсозии қисмате аз роҳҳои маҳаллӣ низ иштирок хоҳад кард.
* * *
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи мусаввараҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳи ин намоишгоҳи бошукӯҳро ба ҳозирон ва кулли мардуми кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ табрику таҳният гуфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии “Дӯсти рассомони ҷаҳон” сарфароз гашт.
Ба ғолибони озмуни рассомони беҳтарини кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Мин Ҷен Чжу ҷоизаҳо супурда шуданд.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу намоишгоҳи беҳтарин мусаввараҳои рассомони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро тамошо карданд, ки дар ин ҷо мусаввараҳои рассомони тоҷик низ ба маъраз гузошта шудаанд.
* * *
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин раиси Шӯрои директорони ширкати «Зиҷин Майнинг» Ван Ҷенхуаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи вобаста ба кори имрӯза ва ояндаи Корхонаи муштараки Зарафшон баррасӣ гашт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 7 соли кор дар ин корхонаи муштарак ширкати «Зиҷин Майнинг» зиёда аз 235 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, беш аз 2200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин кардааст. Дар корхона корҳои ғанигардонии маъдан, поксозии тиллою нуқра (аффинаж) ва ғайра ба роҳ монда шудаанд. Оянда дар ин ҷо ҳамчунин комбинати коркарди мис бо иқтидори солонаи 10 ҳазор тонна бояд бунёд ёбад.
То соли 2016 дар ин ҷо бояд якчанд коргоҳҳои нави дигар бунёд гашта, 500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардад ва ҳаҷми истеҳсолоти Корхонаи муштараки Зарафшон ба 1,5 миллиард сомонӣ расонда шавад.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои коргарони Корхонаи муштараки Зарафшон, сурат гирифт.
* * *
Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мин Ҷен Чжу мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ ёфтанд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунии амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодасозии кадрҳои ин соҳа, аз ҷумла доир ба мубориза бо киберҷинояткорӣ ва ҳифзи иттилоот, зоҳир гардид.
Мин Ҷен Чжу изҳор дошт, ки “Тоҷикистон бо марзи тӯлониаш бо Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, аз ин хотир Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки сохторҳои марбутаи ин кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд”.
Табодули назар ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
* * *
Субҳи 20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти ширкати миллии нафтии Чин, роҳбари ширкати «Чайна Петролиум» Ван Дун Ҷенро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардиданд.
Аз оғози кори ин ширкат дар Тоҷикистон дар самти ҷустуҷӯйҳои геологӣ дар мавзеъҳои ояндадори нафту газ ва татбиқи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ аз Осиёи Марказӣ ба Чин изҳори хушӣ карда шуд. Тавре зикр гашт, имсол сохтмони хати чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, оғоз хоҳад ёфт. Ҳамкории ин ширкат бо ширкатҳои «Тотал» ва «Тетис» дар Тоҷикистон дорои дурнамои умедбахш номида шуд. Бо такя ба натиҷаҳои омӯзиши пешакӣ, изҳори боварӣ шуд, ки аз ҷониби ин ширкатҳо дар Тоҷикистон захираҳои фаровони нафту газ пайдо карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ворид шудани ширкати миллии нафтии Чин ба бозори Тоҷикистон оғозбахши марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.
Дар ҳошияи мулоқот миёни Тоҷикистон ва ширкати миллии нафтии Чин созишнома ба имзо расид, ки ҳамкории ду ҷонибро дар самтҳои мазкур танзим хоҳад кард.
* * *
Дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ширкати чинии «Ҳайчен групп» ташриф оварда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти ширкат Ҳуан Ҷянжун самимона истиқбол гирифт.
Шиносоӣ бо фаъолияти ширкати бонуфуз нахуст дар намоишгоҳи он сурат гирифт.
Зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкат, аз ҷумла аз фаъолияти панҷсолаи он дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.
Тавре зикр гардид, ширкат дар мавзеи Зарнисори Тоҷикистон ба истихроҷ ва коркарди сурбу руҳ машғул буда, то ҳол наздики 1200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин намудааст.
Ба наздикӣ аз ҷониби ширкат дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) сохтмони комбинати металлургӣ ва корхонаҳои семент, кислотаи сулфат ва нуриҳои минералӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо қариб 2,5 ҳазор шаҳрвандони тоҷик бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд. Комбинати металлургӣ дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол хоҳад буд.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки сохтмони ин корхонаҳо тезонда шуда, як сол пеш аз муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шавад. Роҳбарияти ширкати мазкур бо маслиҳати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуд, ки дар омодасозии мутахассисони ин соҳаи Тоҷикистон ва ташкили гурӯҳҳои омӯзиши забони чинӣ саҳмгузор мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.05.2014 №: 95 Мутолиа карданд: 1554