logo

паёмҳо

ҶАВОНОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ВАТАН МЕБОШАНД

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, шаҳри Душанбе, 22 майи соли 2014

Ҷавонони бонангу номус ва насли ояндасози Тоҷикистон!
Фарзандони азиз!
Таҷлили имсолаи Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар доираи ҳафтаи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад, дар соли истиқболи бистумин солгарди қабули бахтномаи халқамон - Конститутсияи Тоҷикистон ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлатамон – Суруди миллӣ баргузор мегардад.
Вобаста ба ин, тамоми ҷавонони мамлакатро, ки ворисони арзандаи миллату давлати соҳибистиқлол ва насли ояндасози Ватани маҳбубамон мебошанд, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо иқболи баланд ва комёбиву сарбаландӣ орзу менамоям.
Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин неруи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой медиҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодааст. Зеро чунонки борҳо изҳор кардаам, Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад.
Имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумат бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти мамлакат, беҳтар гардондани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда истодаанд.
Дар марҳалаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ шуда истодаанд.
Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, Квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.
Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.
Ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани нақши ҷавонон дар идоракунии давлат мо солҳои охир барномаи «Рӯй овардан ба ҷавонон»-ро роҳандозӣ кардаем, ки ин боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.
Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати самаранок гузарондани вақти ҷавонон, аз ҷумла ба илму касбомӯзӣ, варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт аз усулҳои муосиру пешқадами таълиму омӯзиш истифода карда мешавад.
Ба шарофати амалӣ гардидани тадбирҳои судманд беш аз ду даҳсола аст, ки бо истифода аз донишу малакаи ҷавонон пешрафти бомарому устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида, дастовардҳои илмиву варзишии ҷавонони тоҷик боиси афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуда истодааст.
Ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки халқи озодихоҳи тоҷик асрҳои аср барои ба даст овардани истиқлолияти Ватани азизамон талошу ҷоннисориҳо кардааст ва акнун ҳифзу нигоҳдории ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи бевосита ва муқаддаси онҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки танҳо ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод, бонангу номус ва дорои ҷаҳонбинии муосир метавонанд ҳамчун ворисони сазовори таъриху фарҳанги миллӣ рисолати ватансозиро ба дӯш гирифта, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан сарбаландона иҷро намоянд.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ ҷиҳати пешрафти Ватани муқаддаси худ, густариши ваҳдати миллӣ, таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумо - давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи ин миллати куҳанбунёдро, ки сарчашмаи иқдомҳои наву созанда мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору пайкори ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон пирӯзиҳо орзу дорам.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2014    №: 97    Мутолиа карданд: 12128
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед