барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ
дар Тоҷикистон хабар дар бораи амали террористии дар яке аз бозорҳои Урумчӣ рухдодаро, ки дар натиҷаи он даҳҳо мардумони бегуноҳ фавтида, шумори зиёди аҳолии осоишта зиён диданд, бо ғаму андуҳ дарёфта, онро маҳкум менамоянд.
Ин амали ҷоҳилона бори дигар зарурати таъхирнопазири муттаҳидии муассири мутақобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва шароити решакан намудани зуҳурот ва паҳншавии онро собит менамояд.
Чин дар симои Тоҷикистон ҳамеша шарики қобили эътимод ва содиқро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дорад.
Ҷаноби Олӣ, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва таманниёти зуд шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро расонед.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.05.2014 №: 98 Мутолиа карданд: 1456