сафарҳо
САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШОҲИГАРИИ БАҲРАЙН
27 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Шомгоҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Шоҳигарии Баҳрайн шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Баҳрайн, шаҳри Манама Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Шоҳигарӣ шайх Алӣ ибни Халифа оли Халифа ва дигар шахсони расмӣ бо эҳтирому самимияти олӣ истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олимақом дар фурудгоҳ сарбозони горди фахрии Подшоҳи Шоҳигарӣ саф оростанд. Парчамҳои давлатии ду кишвар парафшон буданд.
Зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳар ду палатаҳои порлумони Шоҳигарӣ, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд. Ба имзо расидани 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.05.2014 №: 101 Мутолиа карданд: 1627