суханрониҳо
Суханронии Президенти Тоҷикистон дар Кумита
оид ба муносибатҳои байналмилалии Порлумони Аврупо
Мӯҳтарам ҷаноби Раис ва вакилон!
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Дар ибтидо мехостам қаноатмандии хешро аз раванди таҳкиму густариши равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо иброз намоям.
Алалхусус, тайи солҳои охир ин раванд хеле фаъол гашта, муносиботи мо ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Итминон дорам, ки сафари мазкур барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои мо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳо дар бобати ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта нерӯи тозае хоҳад бахшид.
Бояд таъкид сохт, ки муносибатҳои фаъоли байнипорлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 2004 оғоз ёфтаанд.
Дар ин давра се ҷаласа доир гашт, ки дар онҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла байнипорлумонӣ, раванди демократиконии ҷомеа, тиҷорат, амнияти энергетикӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, коррупсия ва ҳуқуқи башар баррасӣ шуданд.
Сарфи назар аз ин, метавон бо итминон гуфт, ки имконоти ҳамкории байнипорлумонӣ ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ истифода нашудаанд. Порлумони Аврупо метавонад кӯмаку мусоидати бештари худро дар амалияи боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти низоми порлумонии Тоҷикистон, интиқоли таҷрибаи бойи парламентаризми аврупоӣ, инчунин дар инкишофи низоми судӣ ва таъмини ҳуқуқи башар расонад.
Дар рушди робитаҳои иқтисодӣ низ мо ба дастгирии Порлумони Аврупо ниёзманд ҳастем. Бояд қайд намуд, ки дар соли сипаригашта мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Иттиҳод дар маҷмӯъ беш аз 880 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин қариб 20% маҷмӯи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Умуман ин робитаҳо рӯ ба густаришанд ва дар давоми панҷ соли охир ҳаҷми тиҷорат қариб се маротиба афзудааст. Вале имрӯз бояд бӯҳрони ҷаҳониро ба мадди эътибор гирифт, ки он албатта барои мубодилаи мол байни мо бетаъсир нахоҳад монд.
Кам шудани ҳаҷми маблағҳои аз ҳисоби содирот бадастомада дар натиҷаи пастшавии нархҳои ҷаҳонии ашёи хом, бахсус алюминий ва пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии кишвари мо буда, арзиши онҳо то 50 фоиз коҳиш ёфтааст, вазъи моро боз ҳам шадидтар мегардонад. Аз ин лиҳоз, чораҳои муштараки таъхирнопазири пешгирии ҳолатҳои ногувори ин бӯҳронро бояд андешид.
Яке аз чунин чораҳо афзоиши сармоягузории Аврупо ба иқтисодиёти кишвари мо мебошад, ки алҳол дар сатҳи нисбатан паст қарор дорад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, алҳол танҳо 5 фисади он истифода мешаваду халос.
93 фоизи масоҳати кишвари моро кӯҳсор ташкил медиҳад ва ба сари ҳар нафари аҳолӣ ҳамагӣ 0,11 га замин рост меояд, ки аз он танҳо 0,08 га замини обёришаванда мебошад. Агар ба ин захираҳои кофии нафту газ надоштани Тоҷикистонро зам кунем, вазъият мафҳумтар хоҳад шуд.
Аз ин рӯ, шароит моро водор месозад, ки барои рушди иқтисодиёти хеш ба тараққӣ додани соҳаи гидроэнергетика рӯ орем. Дар ин ҷода, барои кишвар ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Роғун ва дигар чунин иншоотҳо ҳаётан муҳим мебошад. Нерӯгоҳи номбурда ҳанӯз дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ ва сохтмонаш оғоз гашта буд.
Тибқи хулосаҳои муассисаҳои илмию тадқиқотии ҳамонвақтаи Ӯзбекистон ва Россия он мебоист чун яке аз воситаҳои муҳими бартараф сохтани танқисии об дар ҳавзаи Амударё барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хидмат мекард. Имрӯз низ коршиносони байналмилалӣ аҳамияти минтақавӣ доштани ин иншоотро тасдиқ менамоянд, ки ин дар шароити мо хеле муҳим аст.
Зеро Осиёи Марказӣ бинобар дигаргун гаштани иқлими олам ва таъсири фоҷиаи баҳри Арал мунтазам дучори хушксолиҳо мегардад, ки онҳо торафт хислати шадидтар касб менамоянд. Аз ин лиҳоз мантиқӣ мебуд, агар кишварҳои ҳамсоя дар ҳар чӣ зудтар амалӣ гаштани ин лоиҳа ширкати фаъол медоштанд.
Вале, бо афсӯс бояд қайд кард, ки алҳол дар Осиёи Марказӣ фазои тафоҳум ва ҳамгироӣ дар сатҳи хеле паст қарор дошта, баръакс, ғарази сиёсӣ омили муайянкунанда шудааст ва инро бояд ба инобат гирифт.
Дар чунин шароит, яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ ва мусоидати фаъоли Иттиҳоди Аврупо ба татбиқи нақшаю барномаҳои рушд ба ҳисоб меравад.
Дар давоми 17 соли баъди истиқлолияти мо Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон тавассути барномаҳои ТАСИС, ДИПЕКО, ЭКО, амнияти озуқаворӣ, дастгирии буҷет, кӯмаки макромолиявӣ, ҳифзи ҳуқуқи башар, БОМКА/КАДАП, Осиёи Марказӣ-Инвест ва санади рушди ҳамкорӣ зиёда аз 555 миллион евро маблағ гузошт, ки ин боиси сипосу қадрдонии мост.
Вале имрӯз, ба назари мо, бояд ҳамкории мутақобилан судманд баҳри таъмини рушди устувор ба роҳ монда шавад. Он метавонад барои татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳод барои минтақаи мо мусоидати муассир намояд.
Мақсад аз ин даъват дар он аст, ки Аврупо бояд дар симои Осиёи Марказӣ шарики пурқудрат ва боэътимоди худро дошта бошад, зеро имрӯз минтақаи мо бо хатару таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯст. Агар ба онҳо дар марзҳои мо садди ҷиддӣ нагузорем, пас бо ин таҳдидҳо дар худи Аврупо мебояд мубориза бурд, ки он маблағу захираҳои даҳчандро талаб менамояд.
Агар имрӯз мо бо дастгирии Иттиҳод ба рушди устувор ноил гардем, имконоти мо барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба маротиб меафзояд ва инро бояд ба эътибор гирифт.
Паҳлӯи дигари ин масъала аз он иборат аст, ки рушди мамолики минтақаи мо бидуни шак барои эҳёи иқтисодии Афғонистони ҳамсоя низ таъсири ҷиддии мусбӣ хоҳад расонид.
Вобаста ба ҳамкории амниятии мо бо Иттиҳоди Аврупо мехохам назари худро оид ба татбиқи барномаи БОМКА/КАДАП дар Тоҷикистон иброз намоям. Дар давоми солҳои амалигардонии ин барнома Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 7,3 миллион евро барои Тоҷикистон сарф намудааст, ки 20% хароҷоти умумии дар чаҳорчӯби он сарфшударо ташкил медиҳад.
Мо албатта, барои ин дастгирӣ аз Иттиҳод сипосгузорем, вале ба ақидаи мо он ба воқеият ва ниёзи мо чандон мутаносиб нест.
Бояд дар назар дошт, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо Афғонистон марзи аз ҳама тӯлонӣ дорад, ки асосан ин марз дорои релефи мушкили иборат аз кӯҳсор мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки тайи даҳ соли охир тибқи маълумотҳои Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар сафи аввали мубориза ба муқобили маводи мухаддир меистад. Умедворам, ки ин нуктаҳои муҳим дар ҷараёни минбаъдаи барномаи БОМКА/КАДАП ба инобат гирифта хоҳанд шуд.
Вакилони мӯҳтарам!
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосири тоҷик рушди соҳаи маориф мебошад. Бешубҳа, фақат ҳамон давлате метавонад ба инкишофи бемайлон умед бандад, ки «сармоягузорӣ ба насли ҷавон»-ро таъмин созад ва боиси хурсандист, ки ҷавонони тоҷик ҳарчи бештар рағбати дар Иттиҳоди Аврупо таҳсил карданро зоҳир менамоянд.
Итминон дорам, ки омӯзиш дар кишварҳои Аврупо беҳтарин таҷрибаро дар самтҳои гузоштани пойдевори дӯстӣ, бархурдор гаштан аз анъана ва арзишҳои миллии якдигарро ҳосил менамояд.
Аз ин лиҳоз, мо ба самаранокии бештари барномаи омӯзишии Эразмус Мундус умедворем. Бояд иқрор шуд, ки ба як ҳисоб он ҳам ба талаботи рӯзмарраи Тоҷикистон пурра ҷавобгӯ нест. Мо хостори он ҳастем, ки стипендияҳои бештар барои ҷалби ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои олии Аврупо пешниҳод карда шаванд.
Гузашта аз ин, мо пешниҳод мекунем, ки дар Тоҷикистон Донишкадаи озоди Иттиҳоди Аврупо таъсис гардад, ки дар он на танҳо донишҷӯёни мо, балки ҷавонони Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонанд таҳсил намоянд.
Ҳозирини арҷманд !
Рушди муносиботи байнипорлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо як амри зарурист. Он метавонад барои рушду густариши ҳамкориҳои мо ба хотири тантанаи арзишҳои олии умумиинсонӣ мусоидати муассир расонад.
Изҳори итминон менамоям, ки Порлумони Аврупо барои ноил гаштан ба ин ҳадафи наҷиб кӯмаки ҷиддӣ хоҳад расонид.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4823