барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ
28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович!
Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон табрикоти самимонаро шахсан аз номи худам, аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба ҳамаи мардуми Озарбойҷон ирсол медорам.
Дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоямон, ки тайи солҳои охир ба таври назаррас вусъат ёфтааст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ мешавад.
Мо азм дорем, ки бо Озарбойҷон минбаъд ҳам зич ҳамкорӣ намуда, ин саъю кӯшишро бо мазмуни нави ҷавобгӯи тақозои замони ҳозира ғанӣ гардонем.
Аминам, ки сафари пешорӯи расмии Шумо ба Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷонибаи мо қувваи нав мебахшад. Мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ҳамаи кори имконпазирро анҷом медиҳад.
Воқеаи фархундаи имрӯза ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатӣ, саодату комрониҳо ва ба халқи Озарбойҷони бародар сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро орзӯ намоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2014 №: 103 Мутолиа карданд: 1578