logo

номаҳо

БАЛҶУВОН. САЛОМАТИИ АҲОЛӢ - ДАР МАДДИ НАЗАР

Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, хабари «Балҷувон.Тандурустӣ аз мадди назар дур аст» («Ҷумҳурият»,17 майи соли 2014)-ро баррасӣ намуда, чунин иттилоъ медиҳад:
Ба аҳолии ноҳияи Балҷувон 36 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, 1 беморхонаи марказӣ,1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 2 беморхонаи рақамӣ, 10 маркази саломатии деҳотӣ, 16 бунгоҳи тиббӣ, 1 МНДСЭ ва 5 маркази гуногун хизмат мерасонанд. Аз инҳо 2 бунгоҳи тиббӣ дар вагон, 8 бунгоҳи тиббӣ дар хонаҳо фаъолият мекунанд.
Мувофиқи «Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» дар ноҳия як қатор корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ ва бо таҷҳизоти тиббӣ ҷиҳозонидан ба анҷом расиданд. Аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ сохтани бинои дуошёнаи шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхона идома дорад. 
Бо маблағи мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли 2013 дар Ҷамоати деҳоти Сарихосор ва деҳаи Садаҳо бунгоҳи тиббӣ навсозӣ гашта, бо мизу курсӣ, ҷевонҳо ва ғайра ҷиҳозонида шуданд. Инчунин бунгоҳи саломатии деҳаи Боғизоғон ва маркази саломатии  Ҷамоати даҳоти Дектур аз таъмири асосӣ баромаданд.
Имрӯзҳо  дар маркази саломатии деҳаи Солмолидашт ва бунгоҳи тиббии деҳаи Шаҳиди Бобохон тавассути ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои сохтмонӣ пеш мераванд. Ҳамзамон дар маркази ноҳия сохтмони бинои нави маркази саломатии ноҳиявӣ бо дастгирии молии Сафорати Ҷопон идома дорад. Шумораи воҳидҳои кории соҳаи тандурустии ноҳияи Балҷувон 415,5 воҳидро ташкил медиҳад ва 338 воҳиди корӣ банд буда, 26 табиб, 21 корманди миёнаи тиббӣ, 16 корманди хурди тиббӣ ва 14 - то кормандони дигар  намерасанд.
Ҳар сол бо ҷалби мутахассисони муассисаҳои тандурустии вилоятии дар шаҳри Кӯлоб буда, ба ноҳияи Балҷувон «Корвони саломатӣ» ташкил мегардад ва шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Шахсоне, ки ба амалиёти ҷарроҳӣ ниёз доранд, дар маркази ноҳия ва беморхонаҳои вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ мешаванд. Айни замон аз ҷониби мақомоти дахлдор барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
М. МИРАЛИЕВ, муовини сардори
Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид
ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2014    №: 104    Мутолиа карданд: 1619
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед