logo

порлумон

ДУРӮҒНАВИСОНРО ҲАМ МЕСАНҶАНД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба як қатор қонунҳои ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Юсуфиён Ҷамшед, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» иброз дошт, ки Тоҷикистон узви гурӯҳи АврОсиё мебошад. Он яке аз ташкилотҳои минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) буда, фаъолияти худро ба ҳамоҳангсозии низомҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона намудааст.

Аз соли 2007 зимни баҳогузории низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро бо ФАТФ оғоз намудааст.
Ин «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунигардонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» тайёр карда шуд, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июни соли 2011 тасдиқ гардид. Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 5-уми ин нақша таҳия шуда, бо дарназардошти пешниҳоди ФАТФ ва талаботи созишномаҳои байналмилалӣ омода гаштааст.
Талаботи тавсияи 23 - юми ФАТФ ба он равона шудааст, ки ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ уҳдадор карда мешаванд, дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиётҳои шубҳанок, ки дар натиҷаи фаъолияти аудиторӣ ошкор шудаанд, ба мақомоти ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд. Қабули ин лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузории худро беҳтар гардонда, имконияти аз реҷаи мониторинги «қатъӣ» ба муқаррарӣ гузаштанро муҳайё намояд.
Грез Қосимов, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» гуфт, ки он ба мақсади боз ҳам ташаккул додани низоми хизмати давлатӣ, татбиқи талаботи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020, аз байн бурдани баъзе номуайяниҳо дар қонунгузории хизмати давлатӣ таҳия шудааст.
Дар лоиҳаи қонун ба 10 модда тағйиру илова ворид карда шуд. Грез Қосимов иброз дошт, ки ба қонун илова намудани моддаи нав 171 «Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ» пешбинӣ шудааст, ки ҳадаф иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020, иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) барои Тоҷикистон аст.
Санҷиши махсус танҳо дар он сурат гузаронда мешавад, ки агар хизматчии давлатӣ дар эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш маълумоти бардурӯғ дода, он ошкор шуда бошад. Санҷиши махсус аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронда мешавад.
Ба қисми 1 моддаи 32 низ ба хотири баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дар робита татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, роҳ надодан ба бархурди манфиатҳо ҳангоми адои хизмати давлатӣ ва ё дигар кирдорҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноят мебошанд, илова пешниҳод гардид.
Тағйироти ба моддаҳои 39 ва 41 воридшуда барои мутобиқ намудани меъёрҳои амалкунанда ба қонунгузории меҳнат ва нафақа мебошад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2014    №: 104    Мутолиа карданд: 1460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед