барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ
2 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Миср осоишу тараққӣ ва шукуфоӣ орзу намоям.
Дар чунин лаҳзаҳои гуворо мо аз умқу аҳамияти равобити таърихии ду кишвар ва мардумони он ёд карда, рағбати самимии хешро барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки худ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, барои таҳким бахшидани равобите, ки орзуҳои моро дар роҳи устувор гардондани сулҳу амонӣ ва рушду тараққӣ таҷассум месозанд, таъкид менамоем.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, бори дигар табрикоти самимона ва ибрози эҳтироми инҷонибро бипазиред”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.06.2014 №: 105 Мутолиа карданд: 1382