барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ
2 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихобшудаи Украина Пётр Порошенко барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Пётр Алексеевич,
Басо сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати Президенти Украина интихоб шуданатон муборакбод намоям.
Пирӯзии Шумо дар интихоботи барпошуда нафақат аз барномаи Шуморо барои ба эътидол овардани вазъияти кишвар ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ дастгирӣ намудани халқи Украина, балки аз хоҳиши самимонаи интихобкунандагон барои зистан дар вазъияти сулҳу субот ва шукуфоӣ низ шаҳодат медиҳад.
Умедворам муносибатҳои Тоҷикистону Украина, ки ба анъаноти мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории фаъол истинод мекунанд, барои рушду густариши минбаъда қувваи наве пайдо менамоянд.
Ба Шумо, муҳтарам Пётр Алексеевич, дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳо ва ба халқи Украинаи дӯст сулҳу беҳбудиро таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.06.2014 №: 105 Мутолиа карданд: 2046