маориф
ИЛМРО ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН СОЗЕМ
Нуралӣ НУРЗОД,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
Рушди низоми маорифи Тоҷикистон ва расидан ба сатҳу сифати ҷаҳонии таҳсилот яке аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати иҷтимоии Сарвари давлатро ба вуҷуд овардааст, ки муҳимият ва аҳамияти махсуси ин масъала дар Паёми навбатии Президенти мамлакат низ таҷассуми равшан пайдо намуд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки «мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».
Фузун бар ин ки мақом ва ҷойгоҳи мактаб дар низоми давлатдории имрӯзи Тоҷикистон дар ин номаи ҳидояти миллат муқаррар шудааст, иқдомоти Сарвари давлат барои боз ҳам боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бахусус ҷаҳони пур аз тазодҳои муосир таъкид шудааст. Аз ҷумла, дар идомаи баҳсу баррасиҳои муфид роҷеъ ба сиёсати давлат дар соҳаи маориф изҳор шуд, ки «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад. Соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар ин қонун нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд. Мо бори дигар нишон додем, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хоса дорад. Тибқи ин қонун ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд ва ман аз тамоми масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб менамоям, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд».
Ин нуктаи бисёр муҳим аз ҷониби омӯзгорони кишвар воқеан истиқболи шоистае касб намуда буд ва имрӯз бори дигар ба воқеияти татбиқи муваффақонаи он дар Паёми Сарвари давлат садо дод ва эшон ҳатто таъкид намуданд, ки дар оянда низ ин мавзӯъ, яъне боло бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар меҳвари сиёсати давлатии маориф боқӣ мемонад, «зеро такроран хотирнишон месозам, ки омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».
Дар ин замина аллакай иқдоми наҷибе рӯи кор омад ва он воқеан ҳам ба манфиату пешрафти низоми маорифи мамлакат ва ҳам ба нафъи омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо дар ин арса хоҳад буд. Ба унвони кафили дурнамои рушди бахши иҷтимоии мамлакат Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ таъкид доштанд, ки бо назардошти соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар будани маориф «ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем». Таҷрибаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф то кунун собит месозад, ки воқеан ҳамасола марҳила ба марҳила афзудани ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф далели он аст, ки ҳадафҳои давлат дар амри пешбурди ин бахши муҳим ва ба истилоҳи Президенти кишвар ояндасоз тибқи барномаи амалкард ва татбиқи қонуни мазкур пиёда мешавад ва ин моро итминон мебахшад, ки ҳаҷми пешбинишудаи маблағгузории соҳа дар давоми ҳафт соли охир метавонад низоми маорифи Тоҷикистонро ҳамқадами замони муосир гардонад ва бар ин асос сатҳу сифати таҳсилот ба таври шоиста боло равад.
Мавзӯи муҳими дигаре, ки марбут ба низоми маорифи Тоҷи-кистон дар Паёми навбатӣ баррасӣ шуд, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба ниёзҳои ҷомеаи муосир ва нақши макотиби олӣ дар амри иҷрои ин вазифаи муҳим маҳсуб мешавад. Бо назардошти чунин ҷойгоҳи макотиби олӣ Президенти кишвар таъкид бар он доштанд, ки «Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти иқтисодии ҳар як кишвар аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ вобастагии зиёд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд».
Дастур барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва меъёрҳои байналмилалӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки ҳанӯз соли 2011 масъалаи баробарии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти касбии кишвар дар кишварҳои Аврупоӣ зимни сафари Президент ба Парлумони Аврупо баррасӣ гардида, дар ин замина мадорик ва асноди муҳим таҳия ва қабул гардиданд. Ин тадбирро Сарвари давлат ба унвони яке аз дастовардҳои шоистаи соҳаи маориф унвон кардаанд, ки «маҳз бо иқдоми Ҳукумати мамлакат амалӣ шудаанд». Аз ин рӯ, бо назардошти зарурати таҳкими пояҳои илмиву моддии макотиби таҳсилоти олӣ дар Паём зарурати истифодаи технологияи иттилоотӣ дар ҷараёни таълиму тарбия таъкид шуда, дар ин раванд омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои олам ба хотири таъмини талаботи бозори меҳнат ва ҳамгунсозии он бо низомҳои пешқадами ҷаҳонӣ аз авомили муассир ва муқаддам ба шумор омад. Дастур шудааст, ки бояд то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот таъмин карда шавад. Таъминоти ин тадбири муҳими низоми маорифи кишвар пеш аз ҳама ба фаъолиятҳои пурдоманаи кулли устодону олимон ва пажӯҳишгарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ пайванд мегирад ва аз рӯи дигар дар ҳамин росто тақвият додани ҳамкориҳои илмӣ ва дигар анвои пайвандҳо бо макотиби олии мамлакатҳои олам зарур ба назар мерасад, чун ба таъкиди Сарвари давлат омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешқадами ҷаҳон метавонад ин раванди мутобиқат ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро суръат бахшад.
Расидан ба ҳадафҳои наҷиби марбут ба таҳсилоти олӣ, албатта, бидуни таъмини робитаи ногусастании он ба пажӯҳишоти илмӣ, анҷоми таҳқиқоти босамари илмӣ ва дар маҷмӯъ равнақ бахшидан ба илму фановарӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, барои афзун гардонидани раванди маблағгузорӣ баҳри анҷоми пажӯҳишоти илмӣ ва мусоидат ба рушди илм низ аз мавзӯоти меҳварии Паём қарор гирифт. Шоистаи истиқбол ва қадршиносист, ки барои ташаккули илми тоҷик дар бахшҳои мухталифи он маблағгузорӣ ба андозаи 600 миллион сомонӣ дар давоми ҳафт соли оянда пешбинӣ шуда, ки ин нисбат ба 15 соли гузашта наздик ба 2 маротиба бештар аст. Гумон мекунем, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҳар нафар аз олимони кишвар, аҳли пажӯҳишро зарур аст, ки дар амри иҷрои рисолати бузурги пажӯҳишии хеш дар бахшҳои мухталиф илм иқдомоти назаррасе ба сомон расонанд. Бавижа, он рисолати муҳиме, ки худи Сарвари давлат дар Паёми мазкур дар назди аҳли илм гузоштаву вазифаҳои мушаххасеро муқаррар намудаанд: «Вазифаи муҳимми олимони кишвар бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад».
Воқеан, таърихи бегазанди адабиёт, фарҳанг, фалсафа ва забони миллии мо ҳанӯз ганҷинаҳои фаровонеро дар домани худ маҳфуз доштааст, ки тадқиқ ва муаррифии ин дастовардҳои ақлонӣ ва маҳсули зеҳнии он вазифаи муқаддаси олимони бахшҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ ба шумор меравад. Дар китобхонаҳои бузургтарини олам имрӯз теъдоди фаровони осори адабӣ, илмӣ, бадеӣ, таърихиву фалсафӣ, ирфониву ҳикамӣ, ҳатто таълифоти марбут ба улуми дақиқ, риёзиёт, ҷуғрофӣ ва амсоли ин маҳфузанд, ки нубуғи илми тоҷикро дар қаламрави таърих бозтоб мебахшанд. Мутаассифона, тавре дар Паём низ таъкид шуд, ин ганҷинаҳо дар ҳоли ҳозир ба шоистагӣ таҳқиқ нашудаанд ва фаротар аз ин ниёз ба баррасӣ, пажӯҳиш ва муаррифии амиқ дорад. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки: «Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд». Дар воқеъ, ин таваҷҷуҳ ва руҷӯъ ба шинохти мероси илмии ниёгон танҳо маҳдуд ба рушди улуми ҷомеашиносӣ набуда, балки тамоюли амиқ ба ин масъала метавонад беҳтарин намунаву нусхаҳои хаттии осореро пешорӯи мо гузорад, ки донишварони гузаштаи мо дар бахши илмҳои дақиқ анҷом додаанд ва омӯзишу таҳқиқ ва ҳамқадами замон гардонидани назарияҳои илмии муҷассам дар ин кутуб боис ба рушди пештару бештари илмҳои табиатшиносӣ ва ҳатто иқтисодиву дақиқ гардида, зуҳури рӯзафзуни кашфиётҳои тозаро дар перояи тадқиқоти навини олимони кишвар таъмин хоҳад гардонид.
Албатта, тавре таъкид гардид, кулли бахшҳои фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар Паёми Сарвари давлат ба таври барҷаставу равшан баробари таҳлил гардидан, дурнамои рушди он бар пояи таҷрибаҳои андӯхта ва ҳосилнамудаи давлат ва натиҷагириҳои амиқ муқаррар шуд. Танҳо ҷои он мемонад, ки ҳар шаҳрванди кишвар ва ҳар нафари посдори оини ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ба андозаи қудрат ва тавонмандие, ки дар вуҷуди худ эҳсос мекунад, дар амри иҷрои ин вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандӣ ва ин барномаҳои саодатрақами фардоофарин бо ҳиммат ва ҷа-вонмардии бештар иқдом намояд, то ки ин ватани аҷддодиро боз ҳам ободу зебо ва шукуфотар аз имрӯз гардонем.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.06.2014 №: 107 Мутолиа карданд: 1662