номаҳо
Аз Нуриддин Темуров
мардум розӣ
Дар шароити мушкилоти иқтисодӣ, бахусус набудани қувваи барқу камбуди сӯзишворӣ, нафароне ҳастанд, ки дасти барҷомондагону мӯҳтоҷонро гирифтаву мушкилоти онҳоро ҳал мекунанд. Яке аз чунин шахсиятҳои ғамхору мушфиқ роҳбари Корхонаи Воҳиди Давлатии «Назарайлоқ» Нуриддин Темуров мебошад. Дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола бо ташаббуси ӯ ба оилаҳои камбизоату мӯҳтоҷ ба андозаи 300 тонна ангишт ройгон тақсим гардид. Он ба сокинони 240 оилаи ҷамоатҳои Ҳоит ва Ясманди ноҳия тӯҳфаи хубе шуд ва ин миқдор ангишт барои зимистонгузаронии онҳо кофист.
Ин ягона амали шахси хайрхоҳ Нуриддин Темуров ва масъулини корхона набуда, онҳо дар дигар корҳои бунёдкориву ободонии ноҳия низ саҳми босазо гузоштаанд. Аз ҷумла, дар таъмири ҷории каналу наҳрҳои обгузари ҳудуди 2 ҷамоати ноҳия ҳиссагузорӣ намуда, ҳудуди 27 километри иншоотҳои обтаъминкуниро тоза ва мавриди истифода қарор додаанд. Инчунин таъмири 17 километр роҳи маҳаллиро ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ ба анҷом расониданд.
Сокинони ҷамоатҳои Ҳоит ва Ясманди ноҳияи Рашт аз ин амалҳои масъулини КВД «Назарайлоқ» қаноатманд буда, тавассути гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба онҳо изҳори сипос мекунанд.
Раҳим МАҲМАДҶОНОВ,
раиси хоҷагии деҳқонии
«Ҳоит»-и ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3181