номаҳо
ПЕШНИҲОД ҶОНИБДОРӢ ШУД
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Ҷумҳурият» (25 апрели соли 2014, № 34) «Хоҳиши сокинон: роҳ бояд аз Сағирдашт гузарад»- ро бо вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки пешниҳод ҷиҳати гузарондани масири роҳи Лаби Ҷар - Тавилдара - Қалъаихумб аз тариқи маркази Ҷамоати деҳоти Сағирдашт пурра ҷонибдорӣ шуд.
Корҳои таҳиясозии асосноккунии техникӣ - иқтисодӣ ва лоиҳакашии пешакии сохтмони роҳи Лаби Ҷар - Тавилдара - Қалъаихумб аз ҷониби Ширкати муштараки «Нарко» (Кувейт), «Спектрум» (Лубнон) - ҶДММ «Автострада» (Тоҷикистон)» бо ҷалби ёрии техникии фонди кувейтии рушди иқтисодии Араб аз соли 2013 то ҳол идома дошта, корҳои лоиҳавӣ дар моҳи апрели соли 2014 ба анҷом расиданд.
Бинобар ин, иттилоъ медиҳем, ки масъалаи гузарондани роҳ аз тариқи маркази Ҷамоати деҳоти Сағирдашт зимни ҷамъбасти ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҳамчун варианти алтернативии роҳ ба инобат гирифта мешавад.
Ш. ГАНҶАЛОВ,
муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.06.2014 №: 110 Мутолиа карданд: 1420