номаҳо
Академияи
давлатии соҳаи
сиёсат ва
роҳбарикунанда
зарур аст
Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ва, албатта, мо аз ин ифтихор мекунем. Инчунин шодем, ки кишвари азизамон аз ҳама имтиҳонҳои вазнини рӯзгор гузашту сулҳу амнияти он барқарор мебошаду дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои зиёд ноил мегардад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дастур доданд, ки дар тарбияи мутахассисони ҷавон масъулияти бештар эҳсос кунем ва фаъолиятамонро ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонем. Воқеан, ҷавонон ояндаи мо ва давлати моанд. Донишу таҷриба, ташаббускории онҳо умедворамон месозад, ки ин кишвар бештар аз пештар ободу зебо шавад. Вобаста ба ин масъала пешниҳод мекунам, ки дар пойтахти кишвар Академияи давлатии мутахассисони соҳаи сиёсат ва роҳбарикунанда таъсис ёбад. Яъне дар оянда ба вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ онҳое пешниҳод гарданду фаъолият кунанд, ки ин муассисаи таълимиро хатм кардаанд. Дар ин боргоҳи илм беҳтарин олимон, мутахассисон ва шахсиятҳои барҷастаи сиёсиву роҳбарикунанда бояд дарс гузаранду таҷрибаашонро биомӯзонанд.
Наимҷон ОБИДОВ,
шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3212