номаҳо
Дар орзуи дидори адибонем
Дар орзуи дидору сӯҳбати шоиру нависандагонем. Аз чи бошад, ки онҳо ба ноҳияи мо ташриф намеоранд. Албатта, медонем, ки ҳоло онҳо имконияти хуби иқтисодӣ надоранд ва сафару сӯҳбату хондани шеърҳояшон маблағгузорӣ намешаванд. Аммо асари бади ин вазъ ба маънавиёти ҷомеа мерасад ва ин оқибати хуб надорад. Яъне бояд чунин маблағро пайдо кард.
Имрӯз, мутаассифона, робитаи адиб бо ҷомеа қариб, ки нест. Ба фарзандонамон гоҳҳо мегӯем, ки ин ё он нафар адибони хуби кишвари моанд. Ва аммо асари тозанашри онҳоро надорем, ки барои хондан тавсия намоем ё ақаллан сураташонро аз ин китобҳо нишон бидиҳем.
Барои худи адибон низ чунин вохӯриҳо бисёр муфид аст, хоса дар таълифи асарҳои бадеӣ.
Фикр мекунам, ки масъулон сари ин масъала меандешанд ва орзуи мо ҷомаи амал мепӯшад.
Н. БАРОТОВ,
ноҳияи Панҷ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3166