номаҳо
Гӯристони бесоҳиб
Даргузашти як дӯстам сабаб гардид, то ба вазъи гӯристони Имомтаърифии ноҳияи Восеъ шинос шавам. Дар мавриди бетартиб ҷой гирифтани гӯрҳо чизе намегӯям. Аммо наметавонам, аз тоза набудани он нанависам. Бо ҳазор эҳтиёте, ки кардам, бо пойафзоли тоза аз он ҷо баромада натавонистам. Атрофи гӯристон кушода нест, то гову бузу гӯсфандон худсарона бидароянд. Бархе аз сокинони деҳаҳои наздики ин манзили охират онҳоро қасдан ворид мекунанд. Мақсад маълум аст. Аммо чаро намеандешанд, ки дар ин ҳол гӯшту шири ин ҳайвонҳои хонагӣ ба саломатиашон зарар мерасонанд? Донишмандон, мутахассисони соҳа асрҳо боз таъкид мекунанд, ки аз алафҳои гӯристон дар ҳеҷ сурат истифода нанамоем. Ва ҳам ин амал, яъне қасдан даровардани ҳайвоноти хонагӣ ба гӯристон беэҳтиромии бузург нисбат ба шахсиятҳои мутавафову марҳум мебошад.
Бархе аз сокинони атрофи Имомтаърифӣ чунин амалро нораво медонанд, вале барои пешгирӣ аз он кореро ба анҷом намерасонанд. Дар ин сурат ҳама гунаҳкоранд ва, албатта, он сазо дорад.
Д. НУСРАТОВ, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2014 №: 112 Мутолиа карданд: 1417