номаҳо
Марказ корамро сабук кард
Маркази миллии тестӣ корамро сабук кард. Чӣ гуна? Ҳар сол волидайни 5 - 6 нафар довталаб ба хонаю ҷойи корам меомаданду зорию илтиҷо менамуданд, ки ба дохилшавии онҳо мусоидат кунам. Ҳеҷ гуна узр пазируфта намешуд. Мегуфтанд, ки ин гуна амалро давр тақозо дорад ва бо дониш ба мактаби таҳсилоти олии касбӣ дохил шудан мумкин нест. Мисолҳои зиёде меоварданд ва мегуфтанд, ки омӯзгори шинос ёбам. Албатта, ин амал ба шаъну эътибори ман мувофиқ набуду намезебид, вале аз ояндаи муносибати хешовандӣ ва дӯстӣ андеша мекардам. Ба назди омӯзгороне, ки дӯстонам буданд, мерафтам ва аз онҳо дар ин маврид илтиҷо менамудам. Ва худ мегуфтам, шояд ин дӯстон бипиндоранд, ки ман аз миёнаравӣ пули зиёде ба даст меоварам. Ҳол он ки ман медонам, ки Паёмбари гиромиқадр фармудааст: «порагир ва порадиҳанда – ҳар ду дар оташи дӯзаханд». Бисёр мехостам, ки фаъолияти Маркази миллии тестӣ шаффоф бошад ва пеши ҳар гуна овозаҳои бардурӯғро бигиранд. Дар ин ҳол волидайни довталабон дигар ба ҳеҷ кас умед намебанданд ва фарзандони онҳо такя ба дониши худ менамоянд.
Ф. ШЕРАЛӢ, ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2014 №: 112 Мутолиа карданд: 1370