номаҳо
Танӯрҳоро канданд. Баъд чӣ?
Танӯрҳоро аз назди хонаҳои баландошёна канданд. Гуфтанд, ки ин супориши мақомоти маҳаллии шаҳр аст. Албатта, мо мефаҳмем, бо ин шакле, ки танурҳо арзи ҳастӣ доштанд, ҳусни шаҳрро коҳиш медоданд. Вале мушкили мо зиёдтар мегардад. Дар куҷо нонҳоямонро бипазем? Бо ин ҳол ҳунари нонпазӣ, кулчапазии миллӣ аз миён меравад. Ба духтаронамон онро омӯхта наметавонем, ки таъсири манфиаш ба рӯзгор мерасад. Инчунин камбизоатӣ имкон намедиҳад, ки ҳамарӯза нонро аз мағоза ва ё бозор бихарем. Хусусан дар рӯзҳои иди Рамазону Қурбон ва дигар ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз бояд мувофиқи хостамон дастархон бо нону кулчаҳо зиннати хоса дошта бошад.
Фикр мекунам, ки ин мушкил роҳи осони ҳал дорад. Чӣ тавр? Пештар дар бозорҳо аробаҳо ҷавобгӯи талабот набуд. Шаҳрдорӣ онро ба низом даровард. Аробаҳои зебову якхела бо сабти рақамҳоро вориди бозорҳо намуд. Ҳамин тавр, мешавад, ки дар мавриди танӯрҳо низ иқдоми шоистаро пеш бигирад.
Н. ҶАМОЛОВА, А. МИРАЛИЕВА,
С. НЕЪМАТОВА,шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2014 №: 112 Мутолиа карданд: 1327