номаҳо
То дар фиреби
ин гуна шахсони
оятхон
наафтанд
Беш аз даҳ сол аст, ки ба хонаи мо гадо меояд. Ҳамин ки дарро ба рӯи онҳо мекушоем, зуд, дар як турфатулайн дар пойгоҳи дар менишинанд ва яке ба қироати ояҳои каломи раббонӣ шурӯъ мекунад. Онҳо маводи ғизоӣ намегиранд ва сомонӣ талаб менамоянд. Чун ба ҳар кадоме як сомониӣ медиҳем, ранҷидахотир ва омирона иброз медоранд: «Чи, моро гадо гумон кардед?! Мо гадо нестем. Мо барои сохтмони масҷиди Ҳисор пул ҷамъ меоварем. Дар роҳи ризои Худо ба ҳар кадоми мо ақаллан 7 сомониӣ бидиҳед». Ба гадоии онҳо коре надорам. Аммо гилаи ман аз оятхонӣ ва ба номи масҷид пул пурсидани онҳост.
Яке аз ҳамсояҳоямон бо шикоят ба онҳо гуфт: «Ин чӣ гуна масҷид аст, ки сохтмонаш дар даҳ сол ҳеҷ ба итмом намерасад»?!
Аз ин рӯ аз масъулони соҳаи дин, шахсиятҳои барҷастаи исломӣ мехоҳам, ки бо амрҳои маъруфашон пеши роҳи ин гадоён, ҳаннотонро бигиранд ва ҳақиқатро барои мардуми одӣ бифаҳмонанд, то дар фиреби ин гуна шахсони оятхон наафтанд.
Ҷ. РАҲИМ,
ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3244