номаҳо
Чаро осорхонаҳои маориф набошанд?
Ҳар халқеро таърихесту ҳар замонеро осоре. Замоне, ки мегузарад, хоҳ - нохоҳ ба ҳукми таърих медарояд. Тоҷикистони мо ҳам сарзаминест, ки дар бисёр ҷойҳои он ёдгориҳои таърихӣ то ба рӯзгори мо омада расидаанд. Осору ёдгориҳои замони пеш аз Инқилоби Октябр ва давраи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон намунаи чунин ёдгориҳо мебошанд. Имрӯзҳо метавон фурсатро аз даст надода, осорҳои ҳанӯз аз байн нарафтаро ҷамъоварӣ намоем. Барои ин корро аз ташкили осорхонаҳои макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд сар кард. Рӯзномаю маҷаллаҳо, галстуки пионерӣ, нишонаҳои сарисинагӣ, парчаму ҳуҷҷатҳои он замонро метавон дар осорхона гузошт. Инчунин парта ва мизу курсиҳои дарсиро, ки як вақтҳо бобоҳои мо ё падару модаронамон аз он истифода мебурданд, бо қаламу рангдонҳояшон метавон дар осорхона ҷой дод. Ғайр аз ин, дар осорхона радиову телевизорҳои куҳнаи мактабиро, ки имрӯз истифода намешаванд, нигоҳ дорем. Агар илоҷ бошад, омӯзгорон бо ёрии шогирдон либосҳои маросимӣ, зарфиёту олоти меҳнат, тарозуву сангҳои он, соатҳои дастиву деворӣ, чархи бофандагӣ, ордену медалҳои замони шӯравиро ҷамъоварӣ намоянд. Ин ҳамаро метавон дар дарсҳои таърих, адабиёт, расмкашӣ ва физика чун аёният истифода бурд.
Шахсоне, ки нисбати ёдгориҳои таърихӣ бепарвоӣ мекунанд, ба он монанданд, ки гӯиё ба ҷигари таърихи аҷдодашон корд зада бошанд. Умед ҳаст, ки он мактабҳое, ки имрӯз осорхона надоранд, аз пайи ташкили он хоҳанд шуд.
Нозими ҒОИБНАЗАР,
омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи
умумии № 35-и ноҳияи Ғончӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.06.2014 №: 112 Мутолиа карданд: 1397