номаҳо
Тоҷирон
дар курсҳо
омӯзиш
бинанд
Тиҷорат илм аст ва тоҷирон ҳатман бояд онро биомӯзанд. Аммо ҳамаи мо шоҳидем , ки дар мағозаву бозорҳои кишвар шахсоне низ фаъолият мебаранд, ки аз одитарин муомила бо харидор ва талаботи ин илм бехабаранд. Дар натиҷа норизоӣ ба вуҷуд меояд ва мардум таҳаммули ин беэҳтиромиро карда наметавонанд. Инчунин худи ин тоҷирон ба шикаст, нобарорӣ ва фиреби фурӯшандагони бузургтар мувоҷеҳ мегарданд, ки ҷуброни он мушкил мебошад. Аз ин рӯ мехостам, ки тоҷирони мо ҳатман ақаллан дар курсҳои кӯтоҳмуддат омӯзиш бинанд ва барои фаъолият ҳуҷҷат бигиранд.
Фикр мекунам, ки пас аз ин ҳам сатҳи хидматрасонӣ беҳтар мешавад ва ҳам тоҷирон соҳиби маълумоти зарурӣ мегарданд .
З. ХОҶАЕВ,
ноҳияи Ашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3307