барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ
12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
Муҳтарам Владимир Владимирович,
Басо сарфарозам, ки ба муносибати солгарди иди миллии Федератсияи Русия аз номи халқ ва Ҳукумати Тоҷикистон табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринро ба Шумо ва ҳамаи мардуми Русия иброз медорам.
Мехоҳам бо қаноатмандии зиёд қайд намоям, ки муносибатҳои мушорикату ҳамкории стратегии байни ҳар ду кишвар ҳар чи бештар вусъат меёбанд.
Мо азм дорем, ки барои корбурди неруи ғании муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоямон минбаъд ҳам бо Русия зич ҳамкорӣ намоем.
Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояамон на фақат ба таҳкими мушорикати Тоҷикистону Русия, балки ба суботу пешрафти минтақаамон ҳам мусоидат мекунанд. Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсади наҷиб ҳамаи чизи аз худ вобастаро баҷо меорад.
Ин воқеаи гуворо ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, тансиҳатии бардавом, саодату муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Русия беҳбудию шукуфоиро таманно намоям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.06.2014 №: 114 Мутолиа карданд: 1384