барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОБДОШ
21 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи шобдош ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
«Аълоҳазрат!
Бо камоли хушнудӣ Шуморо Аълоҳазрат, дар иртибот бо қабул намудани савганд ва оғози фаъолиятатон дар мақоми Подшоҳи Шоҳигарии Испания самимона табрик ва муборакбод менамоям.
Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Аълоҳазрат, саодату саломатӣ ва пирӯзиҳои навин дар ин маснади олии пурмасъулият, ба кишвари дӯсти Испания хушрӯзӣ ва шукуфоиро орзу дорам.
Хоҳишмандам эҳтирому арҷгузории амиқи моро қабул намоед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.06.2014 №: 119 Мутолиа карданд: 1402