сафарҳо
МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАЛАЙЗИЯ
Нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия субҳи 23 июн бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар саҳни Парлумони ин кишвар оғоз ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали кишварро Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Сарвазири кишвари мизбон Наҷиб Абдурраззоқ истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ба болои минбари подшоҳӣ гузаштанд ва сурудҳои миллии ду кишвар садо доданд. Минбаъд маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон, гузашти сарони ду давлат аз назди сафи горди фахрӣ ва арзи эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва Ливои кишвари мизбон ҷараён гирифт. Сипас фармондеҳи горди фахрӣ аз анҷоми маросим гузориш медиҳад ва бори дувум садои сурудҳои миллии ду кишвар танинандоз мегарданд. Дар ин ҳангом ба ифтихори нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия аз тӯпхонаҳо 21 шиллик паронда мешавад.
Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб муаррифӣ карда шуд.
Пас аз анҷоми маросими истиқбол Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Шоҳбону Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро ба меҳмонхонаи иқомат ва зиёда аз он то хонаи зисташон гусел карда, эҳтирому самимияти олии меҳмондорӣ нишон доданд.
Масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ баррасӣ шуданд.
Суҳбати судбахш дар мулоқоти хоса оғоз ёфта, сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ низ ҳавасмандии амиқи Малайзияро ба ташкил ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Малайзия дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба рушди босуботи иқтисодии кишвари шумо мусоидати фаъол намоем”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои тараққикардаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва хусусан Малайзияро “аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон” номид.
Доир ба рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Барои таҳкими бештари муносиботи дӯстӣ ва тавсеаи робитаҳо муҳайёсозии заминаи қавии қарордодиву ҳуқуқӣ ва ҳарчи зудтар таъсис додани комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ зарур дониста шуд.
Дар ин робита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари ҷавобии давлатӣ ташриф биёрад.
Наҷиб Абдурраззоқ пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташкили комиссияи муштараки ҳамкорӣ ва боздид аз Тоҷикистон хуш пазируфта, ин тадбирҳоро омили муҳими густариши робитаҳо миёни ду кишвар номид.
Аз рушди намоёни ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олии миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло беш аз 200 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд.
Ҳамкорие, ки миёни Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи энергетика, аз ҷумла барои сохтмони як маркази барқугармидиҳӣ бо истифода аз ангишти маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст, оғозбахши робитаҳои фарохи иқтисодию сармоягузории ду кишвар номида шуд.
Ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ҳавасмандии ҳар ду ҷониб таъкид гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳо ба имзо расиданд, ки ба нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Малайзия асос мегузоранд.
Нахуст зери Баёнияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ имзо гузоштанд.
Санадҳои дигари имзошуда:
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Малайзия.
Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноат намуда, бори дигар ҳавасмандии ду кишвари дӯстро ба густариши бештари робитаҳои судбахш таъйид намуданд.
Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ муносиботи Тоҷикистону Малайзияро дорои ояндаи умедбахш номида, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Малайзия ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои судбахш бо Тоҷикистон амиқан ҳавасманд аст”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Ҳар ду ҷониб ҳамфикр буданд, ки ҳамкории фарох, фарогир ва созандаи ду кишвар ҷавобгӯи комили манфиатҳои дарозмуддати мардумони мо, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Осиё мебошад”.
Бегоҳии 23 июн дар қасри Подшоҳи Малайзия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи ин кишвар волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам баргузор шуд.
Подшоҳи Малайзия бо Шоҳбону Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали Тоҷикистонро истиқбол гирифта, ба толори мулоқотҳои хоса даъват намуд.
Миёни онҳо доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи Тоҷикистону Малайзия гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз баргузории аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия ва муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд.
Арзи боварӣ шуд, ки минбаъд робитаҳои ду кишвари дӯст густариши фарох пайдо мекунанд, зеро то имрӯз ҳам миёни Тоҷикистону Малайзия ҳамкории судманд, хусусан дар соҳаи таҳсилоти олӣ, ба назар мерасад.
Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули назар карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.06.2014 №: 120 Мутолиа карданд: 1753