паёмҳо
ТАВОНОИИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ АСТ
Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, шаҳри Душанбе, 26 июни соли 2014
Ҳамватанони азиз!
Ҳабдаҳ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Бинобар ин, бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо оромиву осудагӣ, саломативу сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгорро орзу менамоям.
Дар ин рӯзи саид ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк менамояд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо то чӣ андоза азизу муқаддас мебошад.
Аз баракати дастгирии самимонаи халқи сулҳдӯсту ободгари Тоҷикистон мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам созем.
Қабул намудани андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мо, тоҷикон, бесабаб набуд. Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта кор ба дараҷае расид, ки дар байни мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва, албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.
Баъди ба имзо расидани ин санади муҳимми таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.
Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем. Бори дигар таъкид месозам, ки дар ин раванди неку созанда мо, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем. Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд.
Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд.
Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медодем, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро, ки қариб чор сол идома ёфт, ба хотири пойдории сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сафарбар созем.
Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат, яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд.
Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем. Имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбнамое барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад. Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, мардумро муттаҳид сохта, ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад.
Борҳо гуфтаам ва бори дигар изҳор медорам, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободонии Ватани азизамон мебошад.
Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри Модар - Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад.
Ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида - миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, яктану якдил бошанд ва давлат барои амалӣ гардидани ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо ва роҳу усулҳо мақсаднок истифода намояд. Бешак, барои ҳифзу ҳимояи он бояд тамоми ҷомеа саҳм дошта бошад.
Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем. Зеро ба фармудаи ниёгони бузургамон тавоноӣ ва хушбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад.
Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад.
Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем. Ба ин хотир, моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон аз тамоми неруву имкониятҳои хеш самарабахш истифода намоем.
Бояд зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, созмонҳои ғайридавлатӣ, инчунин дигар иттиҳодияҳои иҷтимоӣ таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии мамлакат мебошад. Зеро бидуни ин омилҳо таъмин гардидани фаъолияти густурдаи худи онҳо аз имкон берун аст.
Дар шароити кунунии рушди ҷомеа бояд ба назар гирифт, ки ваҳдати миллӣ ҳеҷ гоҳ масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ ё ҳизб набуда, балки он ифодаи талабот ва ниёзҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Бо дарназардошти он ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.
Вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дастоварди бузурги миллиамон - ваҳдатро ҳамчун неъмати гаронбаҳо эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳкими он сафарбар намоем.
Соҳиби давлати соҳибихтиёр ва соҳибватан будан барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамини аҷдодӣ бахти бузург мебошад ва аз ин рӯ, дарки воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар масъалаи арзёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ҳамеша боэҳтиёт бошем ва дурандешии сиёсӣ зоҳир намоем.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд.
Мову шумо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки кори худро аз рӯзҳои аввали давлатдориамон аз сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон ва хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон минбаъд низ идома медиҳем.
Дар ин росто аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ ва инъикоси масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба хотири ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва суботи сиёсиву оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон хеле эҳтиёткору бомулоҳиза бошанд.
Ҳар як фарзанди Тоҷикистон, ки ин марзу буми аҷдодӣ барояш азиз аст, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки маҳаки асосии афкори ҷомеаи моро бояд сухани созандаву омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манофеи халқу ватани азизи мо хизмат намояд.
Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем.
Дар ин раванди неку созанда ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат мехоҳам.
Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.06.2014 №: 122-123 Мутолиа карданд: 12234