мулоқотҳо
Гуфтугӯи
телефонӣ
Субҳи 17 феврал байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.
Ҳангоми сӯҳбат сарварони ду кишвари дӯст ба вазъи ҳозира ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Ҷараёни иҷрои барномаҳои ҳамкориҳои бунёдӣ, аз ҷумла сохтмони пулҳо ва роҳҳои байни ду кишвар ва дигар иншооти инфраструктурӣ аз мавзӯъҳои умдаи сӯҳбат буд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай масоили мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима намуда, мавзӯъ ва мундариҷаи Мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодиро (ЭКО), ки моҳи оянда дар Теҳрон баргузор хоҳад гашт, муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2329