туризм
ВАНҶ МУЛКИ ТАМОШОБОБ АСТ
Табиати минтақаи аз ҳама пурфайзу бобаракаттарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - Ванҷ тамоми фаслҳои сол зебо ва дилкаш мебошад. Алалхусус айёми тобистон, ки ин диёр бо боғистонҳои мевадору ҷангали анбӯҳаш диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Дар тозаву озода ва аз ҷиҳати экологӣ созгор нигоҳ доштани макони зисти инсонҳо ва ҳифзи зебоии табиати ин минтақаи биҳиштосои Бадахшон кормандони бахши ҳифзи табиат бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар идораву муассисаҳо корҳои зиёдеро ба ҷо меоранд. Онҳо ба он мекӯшанд, ки боигариҳои табиатро афзун ва ин сарвати бебаҳоро бегазанд нигаҳ доранд.
Ба гуфтаи Тоҳир Орифов, сардори бахши ҳифзи табиати ноҳия, тайи солҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати кишоварзӣ ва ҷамоатҳои деҳот, инчунин сокинони рустонишин ҷангалистонҳову боғистонҳоро муҳофизат карда тавонистанд. Дар ин давра садҳо ҳазор бех ниҳол шинонда, домони боғҳоро то ба наздикиҳои пиряхҳои Хирсон, Кашолаях ва Федченко расониданд. Аз ҳама бештар дарахтони чормағз ва себ шинондаанд, зеро Ванҷ бо ин меваҷот берун аз кишвар ҳам маълуму машҳур аст. Танҳо баҳори имсола дар ноҳия қариб 300 ҳазор бех ниҳол шинонда шудааст, ки ҳоло хуб нашъунамо дорад. Бештар аз ҳама ба вазъи экологии марказ ва деҳоти ноҳия диққат медиҳанд.
Ба иттилои ӯ, солҳои пешин дар ноҳияи Ванҷ мисли дигар минтақаҳои Бадахшон, ки фасли зимистон хеле тӯлонӣ ва сард аст, аз ноилоҷӣ барои гарм кардани хонаҳояшон дарахтонро мебуриданд ва бахусус ба ҷангалҳо хисороти зиёде ворид мегардид. Хушбахтона, тавассути ғамхориҳои Сардори давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ тайи солҳои охир ба шаҳру навоҳии вилоят, бахусус ноҳияи Ванҷ ҳазорҳо тонна ангиштсанг ва гази моеъ ворид мегардад ва сокинони ноҳия дарахтони боғоту ҷангалзорҳоро дигар табар намезананд, кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи бештар ниҳол шинонда, табиати диёрро сабзу хуррам гардонанд. Ва ҳар он ки чун меҳмон ба ин диёр меояд, аз дидани манзараҳои дилфиреби нотакрор лаззат мебарад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.07.2014 №: 126 Мутолиа карданд: 7800