logo

маориф

ЛАГЕРҲО ДАР КАДОМ ВАЗЪАНД?

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба мақолаи «Лагерҳо дар кадом вазъанд?», «Ҷумҳурият» аз 10 июни соли 2014, рақами 109  посух медиҳад, ки бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, рақами 558 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2014», фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014, рақами 149, қарори раиси вилоят аз 13 феврали соли 2014, рақами 71, қарори раиси ноҳия аз 12 марти соли 2014, рақами 182 ва фармоиши мудири шуъбаи маориф, рақами 9/2 аз 17 марти соли 2014 ва нақша - чорабинии мушаххаси шуъбаи маориф як қатор чорабиниҳоро амалӣ намудааст.

Дар ноҳия як лагери беруназшаҳрӣ дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғоз мавҷуд буда, ҳар сол аз 60 то 80 нафар хонандагон дар он ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити лагери беруназшаҳрии Бободархон, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани он корҳои таъмириву ободонӣ анҷом ёфтаанд. Дар боғи лагер зиёда аз 100 ниҳоли боровар шинонда шуд. Айни замон басти якуми лагер бо фарогирии 30 нафар хонандагон оғоз гардидааст.
Барои истироҳати хонандагон дар соли ҷорӣ ҳамаи шароитҳо муҳайёанд. Инчунин дар асоси қарорҳои ташкилотҳои дахлдор оид ба истироҳати хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 16 лагери наздимактабии солимгардонӣ, 1 лагери варзишӣ ва 2 лагери меҳнатӣ – истироҳатӣ дар назди мактабҳои рақамҳои 31 ва 28 ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 600 нафар хонандагон фаро гирифта мешаванд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои ободонии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии Бободархон 5000 сомонӣ ҷудо кард.  

Б. ТУРСУНОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.07.2014    №: 126    Мутолиа карданд: 1580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед