номаҳо
Сагҳо озодона гардиш мекунанд
Бори панҷум аст, ки дӯстам шикоят кард: «Ҳар гоҳ, ки ба маркази ноҳияи шумо – шаҳраки Сомониён меоям, тарс вуҷудамро фаро мегирад. Сагҳои бисёри бесоҳиб дар кӯчаҳои марказӣ равуо доранд. Кас мепиндорад, ки ҳамин ҳолӣ бар раҳгузар, хоса мусофири ношинос ҳуҷум мекунанд. Ду бор дидам, ки онҳо дар якҷоягӣ хостанд бар нафаре зарар бирасонанд. Хайрият, он лаҳза дигарон бар мададаш расиданд».
Воқеан, дар кӯчаҳои шаҳрак сагҳои бисёри бесоҳиб рӯзона озодона гардиш мекунанд. «Он чи аён аст, хоҷат ба баён нест» ва он ҳеҷ гуна исботро намехоҳад. Агар шаб ҳам чунин бошад, вой бар ҳоли раҳгузарон.
Н. АСАДОВ, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.07.2014 №: 127 Мутолиа карданд: 1252