маориф
Фармон масъулиятро зиёд кард
Мо боварии комил дорем, ки бечунучаро фармони Президенти кишвар ба пешравии иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ҳар қадаре таъсири воситаҳои ахбори омма ба ҳаёти ҷамъият зиёд бошад, суръати пешравии иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ҳамон қадар зиёд мешавад.Ва иллату камбудиҳои ҷомеа ҳамон қадар зуд ислоҳ мегардад. Бинобар ин фармони мазкур масъулият ва ҷавобгарии масъулони мақомоти ҳокимияти давлатиро барои бовиҷдонона ва ӯҳдабароёна иҷро намудани вазифаҳои касбӣ ва идоравӣ зиёд мегардонад. Акнун ягон шахси амалдор бо ягон баҳона аз ҷавоб ба саволҳои ВАО ё матлабҳои танқидӣ саркашӣ карда наметавонад.
ВАО ҳамчун омили муҳимтарини алоқаи байни шаҳрвандон ва ҳокимият метавонад огаҳии ҷомеаро аз сиёсати давлат ва огаҳии ҳокимиятро аз проблемаҳои ҷомеа беҳтар намояд, ки ин дар навбати худ рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандиро мустаҳкам гардонида, иштироки тамоми шаҳрвандонро дар идораи давлат беҳтар менамояд. Шоистаи зикр аст, ки фармони мазкур масъулияти ВАО-ро низ баланд мебардорад. Умед аст, ки минбаъд ҳам ҳамкории байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ВАО қавитар гардида, ҳар ду барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти кишвар ва зиндагонии шаҳрвандон ҳама кори аз дасташон меомадаро ба сомон мерасонанд.
Абдуфаттоҳ ҲОТАМОВ,
сарвари гимназия-
интернати Тоҷикистону
Русия «Ҳотам и ПВ»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6388