номаҳо
Шодоб парвои ташна надорад
Шумо агар аз шаҳри Душанбе ҷониби шаҳри Кӯлоб рафтанӣ бошед, ногузир аз деҳаҳои калони Гулистону Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ мегузаред. Ана баъд манзараҳоеро мебинед, ки дилатон месӯзаду об мегардад. Мардум, хоса кӯдакон, об мекашанду об мекашанд. Ҳоло, дар замони тараққиёти техникӣ, бархе аз ароба истифода мекунанд. Пештар ба ҷои ароба хар буд.
Бо вуҷуди ин ҳама, зуд дар тааҷҷуб наоед ва ғамгин нашаведу тадбире наандешед. Беҳуда аст, тандурустиатонро эҳтиёт кунед. Ин масъала дар ҳафтод соли ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки басо пурқудрат буд, ҳалли худро наёфт. Ба маълумотатон мерасонам, чун намедонед, ин деҳаҳо дар хоҷагии овозадору миллиондори ба номи Ленин (он замон) дохил мешуданд. Дар замони истиқлолият садҳо деҳа соҳиби об гардиданд, аммо обкашии сокинони ин мавзеъ ҳанӯз побарҷост.
Аз ин шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб ҳамагуна масъулон гузаштаанд ва ин ҳоли ногуворро дидаанд. Вале ба онҳо чӣ?! Худашон об доранд. Мақолест, ки «сер парвои гурусна надорад». Онро андак тағйир медиҳем: «шодоб парвои ташна надорад».
Масъулон агар аз ин номаи танқидӣ биранҷанд, ранҷишашон бо худашон бошад, чун он ба ҳалли масъала ҳеҷ мусоидат намекунад.
Аммо бояд андаке бияндешанд, ки аз ин шоҳроҳ хориҷиён ҳам мегузаранд ва дидани ин ҳол ба шуҳрати миллат латма мезанад.
М. РАСУЛОВ, шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.07.2014 №: 127 Мутолиа карданд: 1404