номаҳо
Қурбон Қурбонӣ шуд! Чора чист?
Дар шаҳодатномаи таваллуд ному насабам чунин буд: «Самиъзода Қурбони Абдуқодир». Ин дар «журнал»-и синфӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои мактабӣ мушкилот эҷод мекард. Ҳамеша «Самиъзода Қурбон» хитоб мешудам. Дар ҳуҷҷатҳои мактабӣ низ ҳамин қисматро менавиштанд. Агарчи бояд Қурбони Абдуқодир менавиштанду хитоб мегардидам. Барои ин чандин бор кӯшиш ҳам кардам, аммо натиҷае надод.
Дар шиноснома ҳам ному насабам чунин сабт шуд. Тоҷикон, албатта, то ҷое мефаҳманд, ки чӣ гуна номамро ба забон бигиранд. Мушкилот дар хориҷиҳо ҳаст. Ҳангоми гирифтани раводид ва ё чиптаи тайёра чунин менависанд: «Самиъзода Қурбонӣ» ва ҳам дар дигар ҳуҷҷатҳои донишгоҳӣ номи ман ба «Қурбонӣ» табдил гардидааст. Фаҳмонидани онҳо ҳеҷ натиҷаи мусбат надод. Кадом якеро мефаҳмонӣ? Агар гап танҳо дар хусуси ному насаби ман мебуд, ин номаро ҳаргиз наменавиштам ва роҳи ҷустани тадбирро намехостам. Ҳазорҳо шаҳрвандони мо дар дохил ва хориҷи кишвар ба ин мушкилот рӯ ба рӯянд. Оид ба ин масъала ба кӣ муроҷиат кунам ва он чӣ роҳи ҳал дорад?
Самиъзода Қурбони Абдуқодир,
шаҳри Чкалов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.07.2014 №: 127 Мутолиа карданд: 1358