қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
соли 2014»
Моддаи 1. Ба қисми 5 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2013 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 10, мод. 708; с. 2014, № 2, мод. 53) пеш аз калимаҳои «аз андоз» калимаҳои «, инчунин воридоти ангишт ба миқдори 5500 тонна барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 июли соли 2014, № 1082
ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 июни соли 2014, № 1551
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.07.2014 №: 127 Мутолиа карданд: 1542