барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Александр Григоревич!
Ман аз он сарфарозам, ки ба ифтихори солгарди ҷашни миллии Беларус аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самимию содиқона мефиристам. Мо ба сатҳи ҳамкориҳои кишварҳоямон, ки тӯли солҳои охир марҳилаи сифатан навро дар тавсеаю таҳким ва дар асоси принсипҳои якдигарфаҳмию эътимод рушд мекунад, баҳои баланд медиҳем. Умед дорам, ки қарорҳои қабулнамудаи мо зимни сафари расмиям, ки чанде қабл ба кишвари зебои Шумо сурат гирифт, такони наверо дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон ба бор меорад.
Шуморо бовар мекунонам, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани ин қарордодҳо ба хотири таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносиботи дуҷониба аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.
Сидқан ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич тандурустии комил, хушбахтӣ, комёбӣ баҳри амалӣ намудани мақсадҳоятон дар шукуфоии Ҷумҳурии Беларус ва барои халқи бародари беларус дастоварду пешрафт ва шукуфоиро таманно менамоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.07.2014 №: 128 Мутолиа карданд: 1443