барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва тамоми мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рӯзи истиқлолият сидқан табрик ва таҳният гӯям.
Тоҷикистон густариши ҳамко-риҳоро бо Амрико яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии худ медонад. Аз ин рӯ, мо ба рушди муносибатҳои худ бо Иёлоти Муттаҳида таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯи ҳар чӣ бештари онҳо дар арсаҳои гуногун ҳастем. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ ва, хусусан, тиҷоративу иқтисодӣ ба пояҳои баландтар бардошта хоҳанд шуд.
Нақши Амрико дар масоили ривоҷи муносибатҳои созанда дар минтақаи мо низ назаррас аст. Аз ин рӯ, умедворем, ки кишвари Шумо бо назардошти хуруҷи неруҳои эътилофӣ аз Афғонистон, минбаъд низ ба масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад кард.
Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Амрико хушрӯзӣ ва саодат орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.07.2014 №: 128 Мутолиа карданд: 1394