logo

маориф

ТО ИЛМ БА ХАЛҚ ХИЗМАТ КУНАД...

Ҳасани МУРОДИЁН,
профессори Донишгоҳи давлатии
Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав


Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароите садо дод, ки мардуми ҷумҳурӣ ба таҷлили санаи фархунда, 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр омодагӣ мебинанд.

Мо, мардуми бошарафи Тоҷикистон, муваззафем, ин ҷашни ҳаётан муҳимро, ки давлати моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлоли дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем, чунки Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.
Президенти мамлакат бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ моро ба ҳалли мушкилот ва иҷрои вазифаҳои бузургтаре ҳидоят намуд, ки барои расидан ба соҳили мурод ва қуллаҳои нурафшони мақсуд аз ҳар яки мо «диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро» тақозо менамояд.
Сарвари давлат ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарварро вазифадор намуд, ки истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро ҳифз намоянд, амният ва манфиатҳои давлатро ҳимоя кунанд, ваҳдати миллиро устувор гардонида, суботу оромии ҷомеаро нигоҳ доранд ва аз ҳама муҳимаш рушди иқтисодии кишварро таъмин намуда, дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ сатҳу сифати зиндагии аҳолиро беҳтар гардонанд.
Сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими давлат буда, соли ҷорӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 7,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар 7 соли оянда бошад, соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии зиёда аз 70 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда хоҳад шуд. Андозаи нафақа дар ҳафт соли охир дар кишвар 6,4 баробар афзоиш ёфтааст.
«Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф, - таъкид шудааст дар Паёми Президент, - дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад».
Президенти мамлакат изҳор намуд, ки «…мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд».
Дар Паём ба мақоми омӯзгор баҳои баланд дода шудааст. «Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад, - зикр шудааст дар Паём, - ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».
Президенти мамлакат дар Паём аз қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар ин қонун нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд, ки тибқи  он ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ гардидааст. Вобаста ба ин аз масъулони Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ талаб намуд, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти мазкурро таъмин созанд. Инчунин омӯзгоронро дилпур сохт, ки минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонанд, зеро «омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».
Азбаски «маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда ҷудо намудани 27 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
«Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти иқтисодии ҳар як кишвар, - омадааст дар Паём, - аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ вобастагии зич дорад». Бе тардид ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва роҳандозӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд. Яке аз дастовардҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ин эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар давлатҳои аврупоист.
Сарвари давлат муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муваззаф гардонид, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои таҳсилотро таъмин намоянд.
Президент дар Паём аз қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки бори аввал тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад, ёдовар шуд. Иброз дошт, ки ба ин кор тибқи хоҳишу дархости зиёди волидон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо, инчунин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷараёни имтиҳоноти қабул иқдом намудаанд. Дар иртибот ба ин Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки ҳамасола рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муайян ва ба аҳли ҷомеа пешниҳод намояд, то ки довталабон ихтисос ва мактаби олиро дуруст интихоб кунанд.
Инчунин иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар қатори рушди маориф ва фарҳанг инкишофи илмро стратегияи афзалиятноки рушди миллӣ эълон намуда, барои таҳкими асосҳои моддиву техникии Академияи илмҳо ва таъмин намудани фаъолияти самараноки муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ агар дар 15 соли охир 362 миллион сомонӣ сарф шуда бошад, дар ҳафт соли оянда ба ин самт ҷудо намудани зиёда аз 600 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин  Президент муас-сисаҳои академиро вазифадор намуд, ки бояд бо роҳи анҷом додани кашфиётҳову ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми фаъолтар гузоранд, дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши фаъолона дошта бошанд. Ҳамчунин олимони кишвар вазифадор шуданд, ки бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон шуғл варзанд.
Мунтаҳои тақозои Президент аз олимону муҳаққиқон ин буд, ки илмро ҳамқадами замон созанд, то ки илм ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд.
Бо мақсади паст намудани шиддати бекорӣ Президент супориш дод, ки низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва калонсолон, ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибиро барои занону духтарони хонашин тақвият бахшанд. Пешниҳод шуд, ки дар тӯли 7 соли оянда на камтар аз як миллион нафар шаҳрвандони мамлакат аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шаванд.
Дар доираи як вазорат муттаҳид карда шудани соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар моҳи ноябри соли 2013 ба равнақи тоза пайдо намудани яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мусоидат намуд.
Президенти мамлакат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муваззаф гардонид, ки дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ ба роҳ монда, доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки агар дар 15 соли охир ба соҳаи тандурустии кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4,3 миллиард сомонӣ ҷудо шуда бошад, ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳа дар 7 соли оянда 14 миллиард сомонӣ бо ин мақсад равона мегардад.
Ҳамчунин Президенти кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро таъкид намуд, ки барои таъминоти муассисаҳои тандурустӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ ва тарбияи мутахассисони дорои қобилияти баланди бо техникаву технологияи навтарин коркунанда маблағҳои вофир ҷудо намоянд, то ин ки фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ таъмин ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар карда шавад.
Чуноне ки дар Паём таъкид шудааст, дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи фарҳанг яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад, зеро имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Бинобар ин Президент таклиф намуд, ки бояд низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад, то ки мазмуну мундариҷаи он ба тавсеаи симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, ғановати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф диҳанд, ки иҷрои ин рисолати муҳими миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон парвардани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ба раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи аҳли зиё мебошад. Зеро зиёиён посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд.
Тавре ки Президенти мамлакат, дар фуроварди Паём изҳор дошт, дар роҳи расидан ба ин ниятҳои нек ва иҷрои ҳадафҳои созандаамон халқи заҳматкашу матинирода, меҳнатдӯсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди Тоҷикистон дастгиру пуштибони мост.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.07.2014    №: 130    Мутолиа карданд: 1781
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед