logo

маориф

Татбиқи лоиҳа қадамест дар тарбияи соҳибкасбони ҷавон

Дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сарварони кумитаи лоиҳаи «Дастгирии таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон- даври 2» бо хабарнигорони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуданд.
Дар нишаст Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф, Илеана Миритеску, менеҷери лоиҳаҳои ҳайати Комиссияи Аврупо, намояндагони вазоратҳои маориф, меҳнат, рушди иқтисод ва савдо ширкат доштанд.
Илеана Миритеску аз корҳои дар соли 2008, даври якуми лоиҳа анҷомдода ба ҳозирон маълумот дода, аз ҷумла зикр сохт, ки лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, маблағи умумии он дар ҳудуди 763 ҳазор еврост. Аз ин маблағ барои чор омӯзишгоҳи касбии техникии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлобу Душанбе ва литсеи касбии саноати кимиёвии шаҳри Сарбанд, ки пилотӣ ба ҳисоб мераванд, ба андозаи 400 ҳазор евро таҷҳизот, асбобу анҷомҳои зарурӣ харидорӣ шудааст. Бо омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ бо мақсади такмили малака ва донишашон машғулиятҳо доир гардиданд. Як гурӯҳи корӣ ба Олмон барои шиносоӣ бо тарзи таҳсилоти касбӣ сафар доштаанд. 169 шунавандаи гурӯҳҳои пилотӣ бо ашёву анҷоми канселярӣ, мавод ва дастурамалҳои таълимӣ таъмин шудаанд.
- Даври дуюми лоиҳа аз се қисмат иборат аст,- афзуд И. Миритеску. - «Мушовара оид ба таҳияи стратегия ва баланд бардоштани иқтидори Вазорати маориф дар модернизатсияи системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» қисми якуми он буда, ба интегратсияи Нақшаи миллии фаъолият оид ба ислоҳоти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва стратегияи миллии рушди маориф равона гардидааст. Дар чаҳорчӯбаи қисми дуюм «Модернизатсияи барномаҳои таълимӣ ва тайёркунии муаллимон» чор барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои кафшергари газу барқ, барқчӣ оид ба тармим ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, челонгар оид ба тармим ва хизматрасонии таҷҳизоти санитарӣ ва дуредгарӣ таҳия шудаанд, ки ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнати кишвар ҷавобгӯ мебошанд.
Дар қисми сеюми лоиҳа таҳия ва чопи барномаҳои таълимии пилотӣ, дастурамалҳо оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ, дастурамалҳо барои муаллимон доир ба истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва амсоли инҳо дар назар аст.
Зикр гардид, ки ҳадафи аввалиндараҷаи лоиҳа рӯ овардан ба талаботи бозори кунунии меҳнат, омода намудани соҳибкасбони варзида мебошад. Инчунин таъкид шуд, ки шумораи омӯзишгоҳҳои касбӣ- техникиро дар ҷумҳурӣ бояд камтар карда,  ба сифати мутахассисон бештар диққат додан салоҳи кор мебошад. Ин имкон медиҳад, ки таъминот ва  маблағгузорӣ бештар шуда, сифати таълиму омӯзиши касбҳо бамаротиб беҳтар гардад.

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6434
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед