барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Аз хабари марги собиқ Президенти Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе хеле андуҳгин гаштам.
Ҳарчанд таърих чандин пурпечутобҳои зиндагиро пеш оварда бошад ҳам, Эдуард Шеварднадзе дар он ҳамчун як чеҳраи барҷаста, арбоби сиёсии муосири ҳамон давра боқӣ мемонад. Хизматҳои марҳум аз ҷониби халқи Гурҷистон қадр гардидаанд, зеро ӯ дар ин кишвар замоне роҳбарӣ мекард, ки марҳилаи хеле вазнин буд.
Дар ин лаҳзаҳои андуҳгин аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии самимии маро ба мардуми Гурҷистон ва наздикону пайвандони марҳум бирасонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.07.2014 №: 130 Мутолиа карданд: 1346