logo

маориф

ДОВТАЛАБ: НОМАИ КАМОЛ (АТТЕСТАТ) НАМЕДИҲАНД. ЧАРО?

Хатмкунандагони вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ намуданд, ки то ба ҳол  мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба онҳо гувоҳнома надодаанд. Баҳор Самадов, хатмкунандаи синфи 11-и ноҳияи Шӯрообод, ба мо гуфт, ки имтиҳони охиринро рӯзи 15 июн супоридааст, аммо то ба имрӯз номаи камол нагирифтааст. Бидуни гувоҳнома ҳуҷҷатҳояшро ба ягон коллеҷ ё донишгоҳе, ки аз тариқи классикӣ довтлабонро қабул мекунанд, супорида наметавонад.

- Мехоҳам, ки довлатаби Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб гардам, аллакай  ҳуҷҷатсупорӣ сар шудааст, аммо мо аттестат надорем. Барои номаи камол 5 - сомонӣ супоридем, - мегӯяд Баҳор.
Шодмон,  хатмкунандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ, низ гуфт, ки то 5 - уми июл аттестат нагирифтааст. 
Дар Вазорати маориф ва илми кишвар ба мо гуфтанд, ки аттестат барои хатмкунандагони синфҳои 11 ва 9 сари вақт фармоиш шудаву омода аст. Аммо ба сабаби он, ки шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия рӯйхати хатмкунандагонро ба вазорат пешниҳод накардаанд, боиси сари вақт нагирифтани аттестат шудаанд.
Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ сабабҳои то ба ҳол ба хатмкунандагон надодани номаи камолро «дер ба охир расидани имтиҳоноти мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мушаххас кардани онҳое, ки довлатаб шуданианд», шарҳ доданд.
 Алишер Исоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, мегӯяд, имсол синфи ёздаҳумро 2002 ва нуҳумро 2506 нафар хатм мекунанд ва барои овардани аттестат намояндаи онҳо ба Вазорати маориф ва илм рафтааст. Аммо маълум нест, ки кай хонандагон бо номаи камол таъмин мешаванд. Ӯ тасдиқ кард, ки барои аттестат ҳар як хатмкунанда 4,90 сомонӣ  пардохт кардааст ва ин расмӣ аст. Аммо, Хуршед Наботов, сокини шаҳри Исфара, мегӯяд,  ки аз онҳо то 20 сомонӣ барои як аттестат маблағ гирифтаанд.
Прокуратураи шаҳри Исфара  ҳолати фурӯхтани аттестатро дар яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин шаҳр ошкор кардааст.  Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, ҳодисаи ғайриқонунии фурӯши аттестатро аз тарафи директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Исфара тасдиқ кард ва гуфт, ки дар соли ҷорӣ ин нахустин ҳолат аст, ки ба қайд гирифта шудааст. Директори мактаби мазкур ба панҷ нафар аттестат фурӯхта, ҳатто ба 3 нафари ба истилоҳ харидорҳо  рӯйхати баҳояшон пешниҳод нагардида будааст. Сарфи назар аз ин амали ғайриқонунӣ Суди шаҳри Исфара нисбати директори мактаб ҳалномаи бетағйир баровардааст ва то ба ҳол ӯ ҳамчун  директор фаъолият дорад.
Рӯзи 7-уми июл дар литсейи «Раҳанамо» - и шаҳри Душанбе ба хатмкунандагони синфи 11 ва 9-ум номаи камол дода шуд.
Дилафрӯз Назаралиева, сармутахассиси раёсати кадр ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми кишвар, иброз дошт, ки то 1-уми июли соли ҷорӣ шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ, Хуҷанд, Рӯдакӣ, Тавилдара, Тоҷикобод,  Душанбе, Хоруғ рӯйхати хатмкунандагонро ба вазорат пешниҳод кардаву аттестат гирифтаанд.
Рӯзи 2 июл шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Истаравшан, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Ҷаббор Расулов, Қайроққум, Шаҳристон ва 3 - юми июл Сарбанд, Панҷ, Бохтар, Қӯрғонтеппа аз вазорат номаи камол гирифтаанд. Аммо то ба ҳол аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шӯроободи вилояти Хатлон рӯйхати мазкурро пешниҳод накардаанд, аз ин рӯ, хатмкунандагон натавонистанд номаи камол гиранд, -илова кард Дилафрӯз Назаралиева.
Намояндаи Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки соли ҷорӣ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро 103 162 нафар хатм мекунанд. Мушкили сари вақт нагирифтани аттестат ё надодани он ба хатмкунандаҳо бори аввал нест. Он ҳар сол дар мавсими хатм пайдо мешавад. Ду сол қабл Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи кишвар ҳолатҳои фурӯхтани аттестати қалбакиро дар собиқ Вазорати маориф  ошкор карда буд ва чанд нафар вобаста ба он ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Баъди ошкор шудани ин ҳодиса раванди додани аттестат каме ҳам бошад, ба танзим оварда шуд. Аммо чаро боз  мушкилот бо ранги дигар идома дорад? Омодасозии ин санадро қаблан дар хориҷи кишвар фармоиш медоданд, аммо чанд соли охир он дар дохили кишвар омода карда мешавад. Бино ба омори Вазорати маориф ва илм, агар теъдоди хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соле 103 ҳазор нафар бошад, пас 110 ҳазор нусха фармоиш додани ин ҳуҷҷат, басанда аст, ки ба ҳар як хатмкунанда аттестат расад. Ин ҳам дар ҳолест, ки  то чанд соли пеш танҳо ба хатмкунандагоне аттестат дода мешуд, ки  довталаб мегардиданд. Сабаби инро он солҳо дар камчин будани ин ҳуҷҷат ва дар хориҷи кишвар омода кардани он маънидод мекарданд. Акнун ҳуҷҷат дар дохили кишвар тайёр ва ба ҳамаи хатмкунандагон  дода мешавад.
Вазорати маориф ва илмии кишвар дар асоси рӯйхати пешниҳодкардаи шуъбаҳои маориф ба хатмкунандагон аттестат медиҳад, аммо Обигарм, Рашт, Ҷиргатол аз ҷумлаи ноҳияҳоеанд, ки то 8 июл ҳатто рӯйхати хатмкунандагонашонро ба вазорат пешниҳод накардаанд. Чаро шуъбаҳои маориф супоридани номаи камолро ба мушкилоти рақами 1 табдил додаанд?

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2014    №: 131    Мутолиа карданд: 1853
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед