мулоқотҳо
Хазинаи байналмилалии асъор дастгирӣ мекунад
18 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Аксел Шиммелпфенниг ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба кори гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор, ки тайи ду ҳафта бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои барномаи анҷомёфта ва таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ гузарондаанд, гузориш дод.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои молиявию бонкии кишвар ҳамаи шарту шароитро барои идома ва густариши ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмонҳои байналмилалию кишварҳои мададрасон иҷро намудааст.
Ба гуфти ӯ, марҳилаи аввали гуфтушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ ба поён расид. Мутобиқи ин барнома Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад.
Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин таъкид намуд, ки Хазинаи байналмилалии асъор дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасонро низ ба расондани кӯмакҳои молиявӣ ба Тоҷикистон ташвиқ хоҳад кард.
Зимни сӯҳбат тарафҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2504