суханрониҳо
ТАЪМИНИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА ЗИНДАГИИ ОРОМ
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 10 июли соли 2014
Муҳтарам кормандони мақомоти прокуратура, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ!
Дар сатҳи Конститутсия давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ин ҳуқуқу озодиҳо пайгирона татбиқу таъмин карда мешаванд, дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол мебошад. Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти Конститутсияву қонунҳо, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ва дар асоси мустақилияту баробарӣ таъмин намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамаи тадбирҳои заруриро тибқи меъёрҳои муосир амалӣ мегардонад. Зеро меъёри мазкур мазмун ва самти ташаккули давлати демократӣ ва асоси ҳуқуқии таҳким ва пешрафти ҷомеаро муайян менамояд. Аммо бояд гуфт, ки барои таъмини ҳадафҳои волои давлати демократӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ сиёсати дохиливу хориҷии имрӯзаи кишвар тавре тарҳрезӣ шавад, ки маҳаки асосии онро эҳтирому эътирофи принсипи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ташкил дода, тартиботи ҳуқуқиву волоияти қонун таъминкунандаи афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар бошанд.
Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад.
Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад.
Дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ниҳоди муҳимме, ки ба ташаккули арзишҳои демократии ҷомеа нигаронида шуда, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз фаъолияти муътадили он низ вобастагии амиқ дорад, мақомоти прокуратура мебошанд. Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳимми низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст. Ин мақомот тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар кишвар таъмин менамоянд. Мақомоти прокуратура дар баробари назорати риояи қонунҳо ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо доранд.
Бо дарназардошти нақши арзишманди прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа Ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони ин мақомот ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Аз соли 2000-ум то имрӯз ҳаҷми маблағгузории мақомоти прокуратура аз ҳисоби буҷети давлатӣ тадриҷан афзуда, музди меҳнати кормандони ин мақомот танҳо дар давраи зикршуда 50 баробар зиёд шудааст. Соли 2000-ум маоши миёнаи кормандони прокуратура 20 сомонӣ буд, вале имрӯз ин нишондиҳанда қариб 1000 сомониро ташкил медиҳад.
Дар замони истиқлолият барои проку-ратураҳои шаҳру ноҳияҳо даҳҳо биноҳои наву замонавӣ сохта, ё таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Солҳои 2005 - 2013 барои бунёду азнавсозии биноҳо, харидории воситаҳои нақлиёт ва таъмини кормандони мақомот бо воситаҳои техникии муосир аз ҳисоби буҷети давлатӣ 131 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.
Барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда дар таҳкими конуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарбияи кадрҳо ва тарғиби қонунгузорӣ 215 нафар кормандони мақомоти прокуратура бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Мақомоти прокуратура дорои неруи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд. Ҳоло дар мақомоти прокуратураи мамлакат 872 нафар кормандон фаъолият дошта, 220 нафари онҳо ҳайати роҳбарикунандаро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 85 нафар ё 40 фоиз ҷавонони синни то 40 - сола мебошанд. Аз шумораи умумии кормандон 171 нафар дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ кор мекунанд. Вале шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти прокуратура ҳамагӣ 5,2 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда андешидани тадбирҳои заруриро талаб менамояд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи қонунҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо мебошад. Бо вуҷуди гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ ва андешидани чораҳо вобаста ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт, мутаассифона, иҷрои қонунгузории ҷорӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, беҳбудии ҷиддии фаъолияти прокурориро тақозо менамояд. Шумораи зиёди муроҷиатҳои хаттиву шифоҳии шаҳрвандон ба Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Зимни қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо аз тарафи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо муносибати сатҳӣ аз байн нарафтааст, ки ин ҳолат боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гардида, андешидани чораҳои иловагиро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо тақозо менамояд. Бояд гуфт, ки то ҳол дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, заминсозӣ, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин заминистифодабарандагон ҳуқуқвайронкуниҳо ҷой дошта, фаъолияти кормандони прокуратура ва дигар мақомоти марбута ҷиҳати ошкору пешгирӣ кардан ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Бо вуҷуди он, ки дар натиҷаи дахолати мақомоти прокуратура дар давоми 10 соли охир масоҳати 2000 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввала баргардонида шудааст, вале ҳолатҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, истифодаи ғайримақсадноки заминҳои фонди ҷангал ва чарогоҳҳо, гузашта аз ин, ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин, бахусус заминҳои обӣ ва дар онҳо бунёд кардани манзили истиқоматӣ ва иншооти дигар боиси ташвиши ҷиддӣ мебошанд. Аз 3450 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ки бо эътирози прокурорҳо аз соли 2010 инҷониб бекор карда шудааст, 2627 адад ё зиёда аз 76 фоизро қарорҳо оид ба замин ташкил медиҳанд. Инчунин дар даҳ соли охир барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи замин 2515 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Бо дарназардошти камбудиву ҳуқуқвай-ронкуниҳои ҷойдошта Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ вазифадоранд, ки якҷо бо дигар мақомоти марбута истифодаи самараноку оқилонаи заминро аз ҷониби тамоми заминистифодабарандагон зери назорати доимӣ қарор дода, барои пешгирӣ кардани хариду фурӯши замин ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ дар самти истифодаи замин чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Соли 1990 майдони умумии заминҳои наздиҳавлигӣ 77 ҳазор гектарро ташкил медод. Ҳоло ин рақам 210 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Яъне дар давоми ҳамагӣ 23 соли истиқлолият ба мардум барои сохтмони манзил ва беҳтар кардани шароити зист 133 ҳазор гектар замин ҷудо ва тақсим карда шудааст. Назорат аз болои тақсимоти одилонаи заминҳои ҷудошуда вазифаи бевоситаи мақомоти прокуратура ва комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Инчунин дар натиҷаи дуруст ба роҳ монда нашудани масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандони кишвар фирефтаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромарзӣ, эмиссарҳои ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва корфармоёни қаллоб гардида, ба содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд. Агар назорати прокурорӣ ва соҳавӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешуд, сари вақт пешгирӣ кардани ин равандҳо мушкил набуд.
Бо мақсади пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ, бартараф намудани якрангии фаъолияти кормандони прокуратура бо дарназардошти солҳои тӯлонӣ фаъолият кардан дар як мансаб ва ворид намудани усулҳои нави идоракунӣ чанд сол аст, ки механизми ҷобаҷокунии кадрҳои соҳа амал мекунад.
Бо вуҷуди тадбирҳои то имрӯз амалигардида дар самти пурзӯр намудани кор бо ҳайати шахсӣ ҳолатҳои аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, гирифтани пора, сӯйистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ҳанӯз ҳам зиёд мебошанд. Таҳлили арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар давоми солҳои 2012 – 2013 нишон медиҳад, ки вобаста ба кирдорҳои содирнамудаи кормандони мақомоти прокуратура ба мақомоти гуногун, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президент шикоятҳои зиёд ворид гардидаанд.
Солҳои 2010 – 2014 12 нафар кормандони мақомоти прокуратура барои вайрон намудани муқаррароти Кодекси одоби касбии корманди мақомоти прокуратура айбдор дониста шуда, аз ҳайати мақомот хориҷ карда шудаанд. Инчунин 590 нафар корманди мақомот - шахсони масъули назораткунандаи қонуният ва тартибот барои вайрон кардани интизоми хизмативу меҳнатӣ ва ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ муҷозот гирифтаанд.
Дар давраи солҳои 2009-2014 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба 18 корманди прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки 13 нафари онҳо бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе кормандони ин мақомот ба ҷиноятҳои гирифтани пора, қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ, сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ғайриқонунӣ дастгир намудани шаҳрвандон бо мақсади тамаъҷӯӣ ва дигар ҷиноятҳо даст задаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи Конститутсия татбиқи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон ба Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи ӯ вогузор гардидааст ва ҳуқуқи назорат кардани фаъолияти ин мақомотро чи дар пешбурди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ ва чи дар дигар самтҳо ягон мақоми дигар надорад. Масалан, Валиев З. прокурори шаҳри Роғун, Бобоумаров М. прокурори шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ дар мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, Умаров Ғ. прокурори ноҳияи Шӯрообод, Азизуллоев Ф. - муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ва чандин нафари дигар аз ҷумлаи кормандони масъули прокуратура бо гуноҳи гирифтани пора дастгир шуда, бо ҳукми суд ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.
Мувофиқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳолатҳои беасос ва нодуруст татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2011 “Дар бораи авф” ошкор гардидаанд. Вобаста ба ин ҳолатҳо 2 апрели соли 2012 аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, қарор доир ба 10 нафар маҳкумшудагоне, ки қаблан бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ҳамчун бемор аз адои ҷазои боқимонда озод шуда буданд, беасос эътироф гардида, онҳо барои адои ҷазои боқимонда ба муассисаҳои ислоҳӣ баргардонида шудаанд. Ҳангоми пешбурди тафтиши пешакӣ инчунин ҳолатҳои беасос татбиқ накардани қонуни мазкур нисбат ба 11 нафар маҳкумшудагоне, ки воқеан мубталои бемориҳои вазнин мебошанд, муайян карда шуда, онҳо аз муассисаҳои ислоҳӣ, аз адои ҷазои боқимонда озод карда шудаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Таъмини ҳаёти арзанда ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар бе ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ғайриимкон аст. Сол то сол зиёд шудани бақияпулиҳои қарзи андоз (то 1-уми июни соли 2014 ин нишондиҳанда ба 650 миллион сомонӣ расидааст) аз самарабахш набудани кори мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дар мавридҳои алоҳида ба таври воқеъбинона ба нақша нагирифтани манбаъҳои андоз шаҳодат медиҳад. Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда то ба ҳол ҳодисаҳои саркашӣ кардан аз пардохти андозҳо, пинҳон доштани сарчашмаи онҳо ва ба таври қочоқ ба қаламрави кишвар ворид намудани мол ва воситаҳои нақлиёт аз байн нарафтааст. Дар ин раванд зарур аст, ки назорати прокурорӣ тақвият дода шавад. Ҳамзамон бо ин, дуруст ва ба таври воқеӣ ба нақша гирифтани қисми даромади буҷети давлатӣ, пардохти саривақтии бақияпулиҳои қарзи андоз ва пардохтҳои гумрукӣ вазифаи Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Гарчанде ки дар самти назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, хусусан баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд, вале дар ин самт камбудиҳои зиёд мавҷуданд. Танҳо дар соли 2013 ва 5 моҳи соли равон дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 780 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ, инчунин 1640 нафар падару модарон, шахсони онҳоро ивазкунанда ва омӯзгорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Гузашта аз ин, содир гардидани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон тамоюли зиёдшавӣ дошта, боиси ташвиши ҷомеа гардидааст. Агар дар соли 2010 ноболиғон дар қаламрави кишвар 530 ҷиноят содир карда бошанд, пас ин шумора дар соли 2013 ба 725 расида, болоравии сатҳи он 33 фоизро ташкил додааст. Солҳои охир содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ, қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва воситаҳои нақлиёт, авбошӣ, дуздӣ ва ғоратгарӣ аз тарафи ноболиғон афзоиш ёфта истодааст. Боиси нигаронист, ки солҳои охир ноболиғон бештар ба авбошӣ даст мезананд. Ин намуди ҷиноят дар аксари ҳолатҳо дар заминаи муноқишаҳои байнимактабии наврасону ҷавонон, ки дар баъзе мавридҳо бо фоҷиа анҷом меёбанд, хусусан дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бештар ба назар мерасад.
Мутаассифона, бемасъулиятии баъзе падару модарон ба ҳадде расидааст, ки ба фарзандони ноболиғашон имконияти идора кардани воситаҳои нақлиётро дода, ҳаёти худи онҳо ва дигаронро зери хатар мемонанд. Соли 2013 1466 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 85 ҳолат зиёд буда, дар натиҷа 472 нафар, яъне нисбат ба соли 2012 30 нафар зиёд ба ҳалокат расидааст. Фақат дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 628 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳолат зиёд аст. Дар ин садамаҳои нақлиётӣ 659 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки дар як садамаи нақлиётӣ аз як оила то 6 - 7 нафар ба ҳалокат расидаанд. Сабаби асосии рӯй додани садамаҳои нақлиётӣ дар аксар ҳолатҳо бо суръати баланд идора кардани нақлиёт ва сатҳи пасти малакаи касбии ронандагон мебошад.
Сиёсати давлатӣ дар самти кушодани роҳҳои нав, нақбҳо, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳҳо маънои онро надорад, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ суръати нақлиётро аз меъёр гузаронида, ҳаёти худ ва дигаронро таҳти хатар гузоранд. Сабаби дигари содиршавии садамаҳои нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт мебошад. Бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани нақлиёт, камтаҷрибагии ронандагон, бо роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳодатномаи ронандагӣ омилҳои дигари зиёд гардидани ҷиноятҳои роҳу нақлиёт мебошанд.
Соли 2013 204 ҳолати бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2012 15 ҳолат зиёд аст. Дар 6 моҳи соли 2014-ум беш аз 100 ҳолати бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 27 ҳолат зиёд мебошад. Илова бар ин, зарур аст, ки барои баланд бардоштани маданият ва сатҳи касбии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои телевизионӣ бештар ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин, мақомоти прокуратура, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро зарур аст, ки якҷо бо падару модарон, муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Бо дарназардошти ин вазъи ташвишовар соли 2012 дар маҷлиси бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур дода будам, ки сабабу омилҳо ва шароитеро, ки ба содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон мусоидат мекунанд, мавриди омӯзиш қарор дода, ба Президенти кишвар гузориш пешниҳод намоянд.
Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди коҳиш ёфтани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, дар шаҳру ноҳияҳо дуруст фаъолият накардани марказҳои эҷодии кӯдакон, хонаҳои фарҳангӣ, таъсири манфии сабтҳои электрониву телевизионӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони синни аз 16 то 18 - сола ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон замина гузоштаанд.
Дар муассисаҳои ислоҳии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳолати 1 июли соли 2014 шумораи ҷавонони то 18 - сола 65 нафар ва аз 18 то 30 – сола беш аз сеюним ҳазор нафарро ташкил мекунад. Бинобар ин, мақомоти прокуратура ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки барои таъмини ҳуқуқи ноболиғон ва ҷавонон ба саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва ахлоқии онҳо, муҳайё кардани шароити мусоиди таълиму тарбия, ҳимояи кӯдакон аз ҳар гуна зӯроварӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон чорабиниҳои судманд ва мақсаднокро амалӣ намоянд.
Дар ин самт махсусан кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бояд фаъол бошанд. Такроран таъкид мекунам, ки таълиму тарбияи фарзанд масъалаи басо муҳим буда, фаъолияти дастҷамъонаи падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Ҳамаи ин моро водор менамояд, ки масъулияти падару модарон, шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгоронро баланд бардорем. Ҳамчунин амали содирнамудаи ноболиғро масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда эътироф намуда, ҷавобгарии моддӣ ва маъмурии онҳо дар қонунгузорӣ пурзӯр карда шавад.
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 7 сол гузашта бошад ҳам, талаботи он аз ҷониби кормандони баъзе мақомоти давлатӣ, комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида ба таври зарурӣ таъмин карда нашуда, ба камбудиву ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад. Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ собит менамояд, ки агар судҳо оид ба риоя накардани меъёрҳои қонуни мазкур соли 2009 парвандаҳоро нисбат ба 221 нафар чунин баррасӣ карда бошанд, пас соли 2013 ин рақам ба 394 расидааст. Ин нишондиҳанда дар панҷ сол 1237 ададро ташкил медиҳад, ки ин ҳол гувоҳи ба таври дахлдор иҷро нагардидани талаботи қонуни мазкур мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз омилҳои асосие, ки кафолати бехатарии шахсии одамон, ҳуқуқу озодиҳои онҳо, тартиботу оромии ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозад, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккил мебошад. Соли 2013 дар кишвар 18336 ҷиноят, аз ҷумла 205 ҷиноят дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2012 1740 ҳодиса ё қариб 11 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла соли 2013 ҳодисаҳои куштор 10,3 фоиз, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 17,5 фоиз, хариду фурӯши одамон 100 фоиз, роҳзанӣ 25,5 фоиз ва қаллобӣ 23,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар маҳалҳо чандон самаранок ба роҳ монда нашуда, соли 2013 дар кишвар 1250 ҷинояти авбошӣ рух додааст, ки нисбат ба соли 2012 390 ҳолат ё 46 фоиз зиёд мебошад. Ин тамоюл дар нимсолаи аввали соли равон низ идома ёфта, 22 фоиз зиёд шудааст. Афзоиши чунин ҷиноятҳо дар вилоятҳои Хатлон 48 фоиз, Суғд 25, шаҳри Душанбе 76, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 82, Турсунзода 143, Ҳисор 104 ва Шаҳринав 120 фоизро ташкил медиҳад.
Зиёдшавии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, иштироки онҳо дар авбошиҳои гурӯҳӣ ва бетартибиҳои оммавӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ман чунин мешуморам, ки ин ҳодисаҳо, пеш аз ҳама, дар натиҷаи бепарвоӣ, дуруст ташкил накардани фаъолияти мақомоти дахлдор, сатҳи пасти касбии баъзе кормандони онҳо, суст будани ҳамкорӣ дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ рӯй медиҳанд. Омили дигари халалдор гардидани суботу оромӣ дар ҷомеа ва содир шудани ҷиноятҳои мудҳиш дар дасти шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ҷинояткор мавҷуд будани силоҳи ғайриқонунӣ ва муҳиммоти ҷангӣ мебошад. Натиҷаи ҳамин аст, ки танҳо дар панҷ соли охир дар кишвар 287 ҷинояти бо истифода аз силоҳ содиргардида ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд ки то имрӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ даҳҳо ҳазор мил силоҳ ва миқдори зиёди муҳиммоти ҷангӣ мусодира карда шудааст, вале содиршавии ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам дар дасти аҳолӣ миқдори зиёди силоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд аст. Бинобар ин, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда мешавад, ки фаъолияти худро дар самти дарёфт ва мусодира намудани силоҳ, муҳиммоти ҷангӣ, воситаву маводи тарканда боз ҳам пурзӯр намоянд ва ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монанд.
Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Аз соли 1994 то 2013 аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 102 тоннаву 191 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 32 тоннаву 776 килограмм героин ва 36 тоннаву 374 килограмм афюн мусодира шудааст. Танҳо дар панҷ соли охир беш аз 23 тоннаву 500 килограмм чунин мавод, аз ҷумла 2,7 тонна героин мусодира карда шудааст. Тибқи хулосаи мутахассисон агар миқдори танҳо аз соли 2000-ум инҷониб мусодирашудаи маводи мухаддир аз Тоҷикистон берун мерафт, 43 миллион нафар гирифтори бемории нашъамандӣ ва ҳамин қадар оилаҳо бадбахт мешуданд.
Бо вуҷуди корҳои дар ин самт иҷрошуда, таъкид месозам, ки проблема ҳанӯз ҳам бисёр ҷиддист. Зеро нашъамандӣ ба генофонди миллат зарба мезанад. Ин пеш аз ҳама, ба Агентии назорати маводи нашъаовар дахл дорад, зеро вақтҳои охир мусодираи маводи мухаддир аз ҷониби ин сохтор коҳиш ёфта истодааст.
Ҳолатҳои дар хориҷи кишвар бо маводи мухаддир дастгир шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасанд. Танҳо соли 2013 дар хориҷи кишвар барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 191 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миқдори умумии 648 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 547 килограмм героин дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ки ин, бешубҳа, ба обрӯ ва нуфузи давлату миллати мо дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар то охири соли 2013 қариб ҳафтуним ҳазор, аз ҷумла 214 нафар занон (ба 100 000 аҳолӣ 94 нафар рост меояд), аз ҷумла дар шаҳри Душанбе – беш аз 3000 (занон – 119), вилояти Суғд – зиёда аз 1000 (занон – 51), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – қариб 1000 (занон – 5), вилояти Хатлон – қариб 1200 (занон – 7), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1070 (занон – 25) нафар ҳамчун гирифтори бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Сабаби асосии самаранок набудани мубориза бар зидди ин тамоюл дар он аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ асосан ба дастгир намудани интиқолдиҳандагони маводи нашъаовар маҳдуд гардида, дар аксар мавридҳо саркардагон ва роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз ҷавобгарӣ дур мемонанд. Аз ҷумла дар давоми якуним соли охир аз рӯи парвандаҳои дар истеҳсолоти муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовар қарордошта 162 мавод нисбат ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни фаъоли чунин ҷиноятҳо ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда шуда, аз рӯи онҳо қариб ягон кор бурда нашудааст ва шахсияти ҷинояткорон то ба ҳол номаълум мебошад.
Хариду фурӯши одамон аз тарафи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ омили дигари халалдор гардидани суботу оромӣ ва амнияти кишвар мебошад. Аз соли 2010 то инҷониб 44 нафар шаҳрвандон бо гуноҳи содир намудани хариду фурӯши одамон муайян ва дастгир карда шудаанд. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо хариду фурӯши одамон ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти хатари ин зуҳуроти нангин ба амнияти миллӣ ҳанӯз соли 2004 Қонун “Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон”-ро қабул карда, соли 2005 Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро таъсис додааст.
Ҳарчанд ки дар ин самт як силсила барномаҳои ҳукуматӣ амалӣ шуда истодаанд, вале таъкид бояд кард, ки кор ҳоло низ беҳбудиро тақозо мекунад. Чунки хариду фурӯши одамон берун аз кишвар, алалхусус хариду фурӯши кӯдакон ва занону духтарон амали бисёр нангин мебошад. Таърихи миллати соҳибтамаддуни мо ягон вақт ҳодисаи аз ҷониби ҷавонмардони худ ба хориҷа бурда, фурӯхтани зани тоҷикро ёд надорад. Куҷо шуд нангу номуси миллӣ, ватандорӣ ва виҷдону имони мусулмонии мардону ҷавонони мо?! Шахсоне, ки барои қонеъ сохтани нафси бади худ занону духтарони мардумро бо роҳи фиреб ба хориҷа бурда мефурӯшанд, тасаввур намекунанд, ки агар касони дигар бо духтарони онҳо ҳамин амали нангинро раво бинанд, ҳолашон чӣ мешавад?
Аз ин лиҳоз, Прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳо оид ба корҳои занон ва оила, оид ба корҳои дин, Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва дигар сохторҳои марбутаро лозим аст, ки бо қабул шудани Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» муборизаро бар зидди ин зуҳуроти нангин ва барои миллати мо бегона пурзӯр намоянд.
Кофтукови ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда, ки яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад, самаранок ба роҳ монда нашудааст. То охири соли 2013 ҳамагӣ 40 фоизи чунин ашхос дастгир карда шуда, 2046 нафари онҳо дар кофтуков қарор доранд. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ шумораи дастгиршудагон қариб 24 фоизро ташкил медиҳад, ки ин ҳолат нишондиҳандаи фаъолияти нокифояи мақомоти масъул мебошад.
Фаъолияти сохторҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин самт ба талабот ҷавобгӯй набуда, ҳолатҳое ҷой доранд, ки кофтуковшавандагон дар ҳудуди кишвар озодона истиқомат ва гаштугузор мекунанд ва барои дастгир намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида намешаванд. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки ҷинояткорони дар кофтуковбуда боз даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин мезананд. Чунончи, айбдоршаванда Муродов Ш.С., ки аз моҳи сентябри соли 2012 барои куштор ва расонидани ҷароҳат ба ду нафар дар кофтуков қарор дошт, сари вақт дастгир нашуда, 28 апрели соли 2013 такроран ҷиноят содир кардааст, яъне як нафарро ба қатл расонида, ба ҷони як шахси дигар сӯиқасд намудааст.
Масъалаи муқовимат бо коррупсия низ самти афзалиятноки сиёсати давлат маҳсуб ёфта, дар ин раванд заминаҳои боэътимоди ташкиливу ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар кишвар ниҳоди махсус - Шӯрои муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуда, санади барномавӣ - Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020 ва дигар асноди ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд. Танҳо дар панҷ соли охир беш аз 10 ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Вале дар баробари ин, таъкид месозам, ки баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба ҷои пешгирӣ намудани ҷиноят савганди касбии худро вайрон карда, ба содир намудани ҷиноятҳои суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтану додани пора, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва монанди инҳо даст зада, боиси бадном шудани сохтору мақомоти мазкур мегарданд.
Хотирнишон месозам, ки шумораи онҳо сол то сол зиёд шуда истодааст. Аз соли 2009 то инҷониб аз тарафи онҳо 355 ҷинояти коррупсионӣ содир карда шудааст.
Ҳамчунин аз соли 2010 то имрӯз нисбат ба 1211 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш шудааст, ки аз ин шумора ба Вазорати корҳои дохилӣ - 406 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - 112, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ - 170, Вазорати мудофиа - 261, Гвардияи миллӣ - 34, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ - 20, Агентии назорати маводи нашъаовар - 11, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 6, Вазорати адлия - 28, прокуратура - 18, судҳо - 32, мақомоти андоз - 77 ва Хадамоти гумрук 69 нафар рост меояд. Инчунин аз соли 2010 то имрӯз 58 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Маълум мешавад, ки фаъолияти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва аз рӯи технологияҳои пешрафтаи кадрӣ интихобу ҷобаҷо кардани онҳо ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест. Таъкид месозам, ки дар сафҳои мақомот ҳанӯз ҳам шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ ҳастанд.
Падидаи нангини худкушӣ ва суиқасд ба он низ яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз ва боиси ташвиши ҷиддии ҷомеа ва давлат мебошад. Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда рӯй додани чунин ҳодисаҳои нангин идома дошта, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти масъули давлатӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани сабабу омилҳои онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар давоми панҷ соли охир дар кишвар 2 684 ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 1727 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд. Ин ҳодисаҳо бештар дар вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Файзобод ва Ҷиргатол ба назар мерасанд. Алалхусус, дар вилояти Суғд дар ин давра 1 249 чунин ҳодиса рух дода, ҳамасола ба ҳисоби миёна 48 фоизи худкушиҳои дар кишвар рухдиҳанда ба ин вилоят рост меоянд.
Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, телевизион ва радио, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадоранд, ки бо ҷалби фаъолон, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду рӯзгордида барои омӯзиши сабабу омилҳои худкушӣ ва пешгирӣ кардани ин амали нангин чораҳои ҷиддии ҳамоҳангшуда андешанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳо, назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти мақомоти тафтиши пешакӣ, сохторҳои таҳқиқ ва пешбарандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад. Ҳангоми ҷамъоварӣ, санҷиш ва баҳодиҳии далелҳо, таъмини тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор бо парвандаҳои ҷиноятӣ камаҳамиятӣ зоҳир карда мешавад. Барои баланд бардоштани сифати тафтишоти пешакӣ на танҳо прокурорҳо, балки роҳбарони сохторҳои тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар бояд дорои дараҷаи дахлдори тахассусӣ, омодагии касбӣ ва таҷрибаи корӣ, инчунин поквиҷдону беғараз бошанд ва ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо қонуният ва ақидаи ботиниро ба роҳбарӣ гиранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи тафтиш ва таҳқиқи ҷиноятҳо норизоият ва эродҳои гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, хешу табори онҳо ва аҳли ҷомеа аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд ба мушоҳида мерасад. Ҳолатҳои аз тарафи судҳо баровардани ҳукмҳои сафедкунанда, тағйир додани банду басти парвандаҳо ва ба тафтишоти иловагӣ баргардонидани парвандаҳо аз вазъи номусоид дар фаъолияти мақомоти прокуратура ва тафтишу таҳқиқ шаҳодат медиҳанд. Аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ риоя нагардидани талаботи қонунгузории моддӣ ва мурофиавӣ асоси ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаҳо мебошад. Бинобар яктарафа ё нопурра будани таҳқиқу тафтиши пешакӣ ва ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, нодуруст татбиқ гардидани қонунгузории ҷиноятӣ ва нопурра гузаронидани тафтишот дар давоми солҳои 2009 – 2013 дар маҷмӯъ 396 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 605 нафар ба тафтишоти иловагӣ баргардонида, аз ин шумора танҳо 98 парванда пас аз бартараф кардани камбудиҳо боз ба судҳо ирсол карда шудаанд, ки 25 фоизи чунин парвандаҳоро ташкил дода, боқимонда 298 парванда ё 75 фоиз ба суд баргардонида нашудааст. Ғайр аз ин, бо ҳукми судҳо 190 нафар, аз ҷумла 52 нафар пурра ва 138 нафар қисман сафед карда шудааст. Ҳамчунин давоми солҳои 2009 – 2013 дар судҳо пешбурди беш аз 5000 парванда нисбат ба 6078 нафар қатъ карда шудааст. Чунончи, бо таъйиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе парванда нисбат ба судшаванда Қодиров Д. бо ҷинояти одамкушӣ ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда, минбаъд дар рафти тафтишоти иловагӣ бо қарори прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қатъ карда шудааст. Бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов судшаванда Мамбетқулов А. бинобар исбот нагардидани гуноҳаш дар содир намудани ҷинояти қочоқ сафед карда шудааст.
Зеро дар рафти тафтишоти судӣ муайян гардидааст, ки мақомоти тафтишоти пешакӣ далелҳоро бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда, ба судшаванда бо ин модда айб эълон намудаанд. Ё ин ки бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат Холов Ҷ. бинобар исбот нагардидани иштироки ӯ дар содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус сафед карда шудааст. Сабаби сафед карда шудани судшавандагон дар он зоҳир мегардад, ки аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ дар кирдори судшавандагон мавҷуд будани таркиби ҷиноят ё иштироки онҳо дар содир кардани ҷиноят исбот карда нашудааст.
Ба мақомоти прокуратура зарур аст, ки ҳангоми назорати таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, бахусус ҳангоми ҳалли масъалаи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дастгир намудани гумонбар дар содир кардани ҷиноят, татбиқ намудани чораҳои пешгирӣ, ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, боздоштану қатъ кардани парванда, ба анҷом расонидани тафтишот ва таҳияи фикри айбдоркунӣ ба масъалаи исботкунӣ ва далелҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, ба далелҳо аз лиҳози талаботи қонун нисбат ба ҷамъоварӣ ва татбиқи далелҳо баҳои беғараз диҳанд.
Омили дигаре, ки ба амнияти миллии кишвар таҳдиду хатари воқеӣ эҷод мекунад, терроризм ва экстремизми сиёсиву динӣ мебошад. Соли 2013 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 68 (соли 2012-30) парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 146 (соли 2012-144) нафар аъзои ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таҳти тафтиш қарор дода шудааст. Бояд гуфт, ки масъалаи мазкур то ҳол ташвишовар буда, андешидани чораҳои иловагиро талаб мекунад. Тибқи маълумот дар муассисаҳои ба ном таълими динии давлатҳои хориҷӣ 711 нафар донишҷӯёни тоҷик то имрӯз таҳсили ғайрирасмии худро давом дода истодаанд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти пешбурди корҳои пешгириву фаҳмондадиҳӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигар, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври ҷиддӣ пурзӯр карда шавад.
Бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 29 январи соли 2008 низоми истеҳсоли иҷро аз тобеияти мақомоти судӣ ба Вазорати адлия гузаронида, тибқи ин фармон аз 1 апрели соли 2008 иҷрои маҷбурии санади судӣ аз тарафи Вазорати адлия тавассути судиҷрочиён ба роҳ монда шуд, вале дар ин самт ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд.
Иҷрои баъзе санадҳои судӣ муҳлатҳои тӯлонӣ кашол ёфта, сабаби вайрон шудани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва норизоияти онҳо оид ба сари вақт иҷро нагардидани санадҳои судӣ шудааст. Соли 2012 танҳо барои иҷрои ҷазои иловагии мусодираи молу мулк 1320 иҷроварақа ба иҷрочиёни суд ирсол карда шудааст, ки ба 1200 иҷроварақа дар хусуси гӯё ғайриимкон будани иҷрои ҳукми суд оид ба мусодираи молу мулк санад тартиб дода, ҳамчун иҷрошуда ба судҳо баргардонида шудаанд, вале дар асл ягон намуд молу мулки пурарзиш муайян ва ба ҳабс гирифта нашудааст ва мусодира нагардидааст. Дар 6 моҳи соли 2013 аз 766 иҷроварақа оид ба мусодираи молу мулк нисбат ба 548 иҷроварақа айнан ҳамин гуна санадҳо тартиб дода, ба судҳо баргардонида шудаанд.
Бинобар ин, зарур аст, ки вазоратҳои адлия, молия, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ таҳлил ва ҷамъбасти иҷрои санадҳои судиро тақвият бахшида, бо мақсади аз байн бурдани мухолифат ва гуногунфаҳмии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, мукаммалсозии механизми таъмини иҷрои қарорҳои судӣ пешниҳодоти мушаххас манзур намоянд.
Дар баробари ин, ҳангоми баррасии парвандаҳо дар фаъолияти судҳо низ як қатор камбудиҳо, аз ҷумла қабули санадҳои ғайриқонунӣ, вайрон кардани муҳлати баррасӣ, сари вақт ба тарафҳо надодани нусхаи санадҳои судӣ дида мешаванд. Аз ин рӯ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлияро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои қатъӣ андешанд.
Аз соли 2009 то имрӯз 20 нафар судяҳо ва 12 нафар кормандони дастгоҳи судҳо, ҷамъ 32 нафар барои гирифтани пора, қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аз ин шумора 22 нафар бо ҳукми суд маҳкум гардида, нисбат ба 6 нафар парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шудааст ва парвандаи 2 нафар дар тафтишоти иловагӣ қарор дорад.
Роҳбарияти Шӯрои адлия ва мақомоти судиро зарур аст, ки корро доир ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо пурзӯр кунанд, то ки чунин ҳодисаҳои нангин такрор наёбанд.
Вазъи амнияти мудофиавӣ зери назорати доимии Ҳукумати кишвар, сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Вале таъкид бояд кард, ки аз ҷониби баъзе хизматчиёни ҳарбӣ содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, муносибатҳои ғайриойинномавӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ дида мешавад. Бинобар ин, зарур аст, ки кор дар самти пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар қисмҳои низомӣ тақвият бахшида, вобаста ба риояи қонуният, аз ҷумла пурзӯр намудани назорат ба рафтори афсарону сарбозон, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши қонунгузории амалкунанда ва ойинномаҳои ҳарбӣ, риояи ҳатмии онҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати шахсӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии онҳо мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Бо дарназардошти хуруҷи неруҳои коалитсионии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки дар давоми соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохторҳои низомӣ, пеш аз ҳама, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати мудофиа, Шӯрои амният ва дигар сохтору мақомот вазифадоранд, ки доир ба омодабошии ҷузъу томҳои низомӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникии қисмҳои ҳарбӣ ва ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонанд.
Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва вазорату идораҳои дахлдор мушкилоти норасоии афсарони касбиро дар ҷузъу томҳои сарҳадӣ ҳарчи зудтар ҳал карда, низоми муътадили ҳифзи сарҳади давлатиро таъмин намояд. Барои ин, пеш аз ҳама, бо дарназардошти имкониятҳо шумораи дидбонгоҳҳои сарҳадӣ зиёд карда, онҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд.
Дар шароити муосир барои ноил гардидан ба ҳадафҳои волои давлати демократӣ, ки дар он инсон тавонад озоду баробар рушд ёбад ва тартиботи ҳуқуқиву волоияти қонун таъмин бошад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти прокуратура бояд фаъолияти худро тавре ба роҳ монанд, ки дастовардҳои истиқлолият ҳифз гардида, риоя ва иҷрои бечунучарои қонунҳо таъмин карда шавад, ки ин дар айни замон як шакли муҳимми баланд бардоштани мақоми ҳуқуқ дар ҷомеаи муосир мебошад.
Аз ин лиҳоз, зарур мешуморам, ки бо мақсади таҳкими фаъолияти минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура ва мустаҳкам намудани низоми қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар ин самт тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
якум, ба шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва асосҳои ташаккули сохтори демократии ҷомеа мутобиқ намудани принсипҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар;
дуюм, вобаста ба вазифаҳои ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузоршуда ва бо мақсади аз байн бурдани такроршавии вазифаҳо ва мушаххас намудани салоҳиятҳои касбии кормандони онҳо, мукаммал намудани қонунгузории соҳавӣ;
сеюм, тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили чораҳои риояву эҳтироми онҳо аз ҷониби зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарону шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқии онҳо;
чорум, дар асоси таҳлилу ҷамъбасти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба субъектҳои ташаббуси қонунгузоридошта муроҷиат кардан дар бораи тағйиру илова ва беэътибор эътироф кардани онҳо;
панҷум, густариши ҳамкориҳои бевосита бо мақомоти идоракунии давлатӣ, хусусан бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва ҷиҳати пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, хусусан ҷавонон якҷо бо мақомоти мазкур мунтазам андешидани чораҳои зарурӣ;
шашум, андешидани тадбирҳои мунтазам бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории мутахассисони болаёқату баландихтисоси соҳа, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон барои хизмат дар мақомот, баланд бардоштани маърифату одоби касбии кормандон ва пешгирии ҳама гуна омилҳои коррупсионӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят кардани онҳо;
ҳафтум, бо дарназардошти узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва густариши муносибатҳои гуногунсоҳаи кишвар бо ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ амалӣ намудани тадбирҳои мунтазам доир ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони сохтору мақомот, тақвияти одоби муошират, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин тарбияи ҳуқуқшиносони сатҳи байналмилалӣ.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳиму самараноки таъмини волоияти қонун, риояву иҷрои бечунучарои он ва ҳамзамон бо ин, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад. Дар баробари иҷрои дигар вазифаҳои масъулиятнок мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Худи ҳаёт нишон медиҳад, ки баъзе шаҳрвандони кишвар маҳз бо сабаби надонистани талаботи қонун ба ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ медиҳанд.
Дар шароити ҷаҳони имрӯза шаҳрвандон бояд дорои сатҳи баланди донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бошанд, то ки вазъияти кунунии ҷаҳон ва минтақаро ҳамаҷониба дарк карда, мавқеи худро дуруст муайян карда тавонанд.
Бо вуҷуди он, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ин самт як силсила корҳои мушаххасро анҷом дода истодаанд, аммо ин ҳоло ҳам ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки фаъолияти Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Вазорати адлия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ тақвият дода шавад.
Амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва дар маҷмӯъ таъмини суботу оромии ҷомеа вазифаи муқаддас ва ҷонии шумо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомии кишвар ва прокуратура буда, аз ҳар яки шумо садоқат ба савганд ва поквиҷдониву маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Зеро бори дигар таъкид менамоям, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба Ватан ва давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд.
Яъне ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат таъмин мегардад.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати адлия, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро бори дигар хотиррасон мекунам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бовар карда, таъмини кафолатҳои конститутсионӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварро ба уҳдаи Президент ҳамчун кафили Конститутсия вогузор кардааст.
Ман ба ҳар яки шумо бовар карда, роҳбарии ин ё он соҳаро ба зиммаатон гузоштаам. Яъне ман ҳамчун Роҳбари давлат ва кафили Конститутсия ва ҳар яки шумо ҳамчун роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ дар назди халқи азизи кишвар масъулияти баробар дорем. Фаромӯш накунед, ки иҷрои ин масъулият аз ҳар кадоми мо заҳмати шабонарӯзӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама, поквиҷдонӣ, дасту дили пок, нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ ва суботу оромии кишварро мехоҳад.
Дар адои ин вазифаи пурмасъулу пуршараф ба ҳар яки шумо барори кор орзу менамоям.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2014 №: 132 Мутолиа карданд: 1551