мулоқотҳо
Дидори Эмомалӣ Раҳмон
бо Иззатуллоҳи Зарғомӣ
18 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон Иззатуллоҳи Зарғомиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи фарҳангу иттилоот, аз ҷумла телевизион, радио ва синамо, баррасӣ шуданд.
Иззатуллоҳи Зарғомӣ дар оғоз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри сӯҳбати пурмӯҳтавояш бо намояндагони Порлумони Аврупо ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу манофеи Ҷумҳурии Исломии Эрон арзи сипос намуд.
Дар мавриди робитаҳои дуҷониба таъкид гардид, ки умумиятҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таърихӣ, забонӣ ва динии ду кишвар худ заминаи мусоиде аст барои рушди ҳамкориҳои густурда дар ин самтҳо.
Ҳар ду ҷониб бар он таъкид доштанд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Эрон баҳри таҳия ва тавлиди маводи муштараки телевизионию радиоӣ ва синамо, омӯзиши мутахассисони ҷавон ва дар дигар самтҳо бояд ҳамкориро тақвият диҳанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи омодагӣ ба ифтитоҳи телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.
Х Х Х
Иззатуллоҳи Зарғомӣ, раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки ман ба ҷаноби Раиси ҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон барои суханронии бисёр арзишмандашон бо намояндагони Порлумони Аврупо ва пуштибониашон аз ҳуқуқу манофеи кишвари мо, ки «бо Эрон танҳо бо василаҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама гуфтушунид, муносибат бояд кард»,- миннатдорӣ баён кардам.
Мо бо Ҷаноби Олӣ дар мавриди ҳамкориҳои густурдаи Созмони садо ва симои Эрон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти робитаҳои фарҳангию иттилоотӣ, омӯзиши мутахассисони ҷавон дар Донишгоҳи садо ва симои Эрон, таҳияи барномаҳои муштарак мубодилаи афкор намудем.
Иззатуллоҳи Зарғомӣ дар мавриди ифтитоҳи телевизиони муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон ибрози назар намуда, гуфт, ки ахиран Оинномаи иҷроии роҳандозии шабакаи мазкур тавассути Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои мо ирсол шуд, ки онро мавриди омӯзиш қарор додаем.
Умед дорем, ки Оиннома дар ояндаи наздик дар иҷлосияи кумитаи муштарак ба тасвиб мерасад.
Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2264