маориф
МУШКИЛИ РӮЗ – ТАЪМИН БО ҶОЙИ КОР
Соли ҷорӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро 2 671 донишҷӯ хатм карданд, ки аз ин 147 нафарашон дипломи сурх гирифтанд. Дар ин бора Ҳайдар Одинаев, ректори донишгоҳи мазкур, зимни нишасти матуботӣ иттилоъ дод.
- Ҳарчанд ҳусни таваҷҷуҳи идораву корхонаҳои гуногун ба хатмкунандагони донишгоҳи мо бад нест, масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда, ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Мо асосан хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавиро ба корхонаҳои давлатӣ бо роҳхат ба кор мефиристем. Онҳо бояд дар корхонаҳои давлатӣ се сол кор карда, баъд дипломашонро гиранд. Дар ин самт мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Донишгоҳ чораҳои мушаххас андешида истодааст, ки робитаро бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар шакли сифатан нав ба роҳ монда, вазъи бо кор таъмин кардани хатмкунандагонро беҳтар намояд. Соли ҷорӣ устодони донишгоҳ аз рӯи 9 мавзӯи фармоиши буҷавии Вазорати маориф ва илм ва зиёда аз 130 мавзӯи таҳқиқотҳои фардӣ корҳои илмии таҳқиқотӣ анҷом доданд. Соли хониши ҷорӣ 59 донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ – Чин, Покистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон ба донишгоҳ қабул шуданд, - иброз дошт Ҳайдар Одинаев.
Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ донишгоҳ тибқи нақша 2160 донишҷӯро тавассути маркази миллии тестӣ қабул мекунад. Донишгоҳ ба факултети муштараки муҳандисӣ - техникии Тоҷикистону Беларус қабули довталабонро ба роҳ мондааст ва бояд наздик ба 100 донишҷӯ қабул кунад.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.2014 №: 133 Мутолиа карданд: 1372