барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ
14 июли соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Табрику таҳнияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни миллии Ҷумҳурии Франсия – солгарди ба даст овардани Бастилия қабул фармоед.
Боиси қаноатмандист, ки тайи солҳои охир муноси-батҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Франсия бар асари саъю эҳтимом ва кӯшишҳои ҳар ду ҷониб сатҳи баланд ва сифатан навро касб намуданд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чи бештари ин муносибатҳо, ки омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Бо ибрози орзуҳои беҳтарин ба ҷаноби Президент сиҳати комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Франсия хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.07.2014 №: 134 Мутолиа карданд: 1341