маориф
КАДРҲОИ МО БАҲОИ МУСБАТ ГИРИФТАНД
Феълан 14 нафар хатмкунандаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Прокуратураи генералӣ фаъолият доранд. Аз сатҳи ихтисосии кадрҳои мо Салимзода Шерхони Одина, прокурори генералӣ ҳам, ситоиш кард, - тазаккур дод Нуралӣ Солеҳов, ректори донишгоҳи мазкур, зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфти мавсуф, хатмкунандагони донишгоҳ дар Суди Олии Тоҷикистон, Суди иқтисодӣ, прокуратураи шаҳри Душанбе ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия фаъолият доранд. Айни ҳол дар донишгоҳ зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Соли ҷорӣ 8 нафар ятим донишгоҳро хатм карда, 11 ҳазор сомониӣ ёрӣ гирифтанд. Хазинаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Федератсияи Русия, ки барои донишгоҳ ҷудо карда шуд, шакл ёфтааст.
Дар донишгоҳ 6 лоиҳаи илмӣ аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, ки ҳаҷми умумиашон 139 356 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин 8 кори илмӣ - тадқиқотӣ ба ҳаҷми 388 710 сомонӣ аз буҷаи донишгоҳ маблагузорӣ мешавад.
Донишгоҳ ба ятимону маъюбон ҳамеша ёрӣ мерасонад. Аз ҷумла ба мактаб - интернати № 15, ҷамоати Ромити Ваҳдат ва мактаб – интернати № 1-и ноҳияи Шаҳринав бо маблағи 190 652 сомонӣ ёрӣ расондааст.
Ҳарамгули ҚОДИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.2014 №: 135 Мутолиа карданд: 1339