маориф
ПЕШНИҲОДИ Н. ШОЕВ БА ВАЗОРАТИ МУДОФИА
Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон аз дониши сусти математикӣ ва пурра ба дарсҳо ҳозир нашудани баъзе донишҷӯён изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки хуб мешуд, агар донишҷӯёне, ки дар дасрҳо пайваста иштирок намекунанд, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шаванд.
Чун имсол қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд, донишгоҳ барои ҷалби бештари довталабон дар нимсолаи аввали таҳсил миёни хатмкунандагони макотиби таҳсилоти миёна ва литсею коллеҷҳо фаъолияти тарғиботиро роҳандозӣ намуд. Ин буд, ки 10563 нафар барои таҳсил ин донишгоҳро интихоб намудаанд.
Имсол донишгоҳро 82 нафар бо дип-ломи аъло хатм карданд, ки ин нисбати дигар солҳо зиёд аст. Айни замон донишгоҳ бо 40 таълимгоҳи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Бо истифода аз ин ҳамкориҳо ҳоло 900 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар таҳсил доранд. Донишгоҳ нақша дорад дар асоси барномаи Ҷеизет 12 нафар донишҷӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба корхонаҳои пешрафтаи Олмон фиристад. Онҳо дар баробари таҷрибаомӯзӣ бо маоши хуб, ҷойи хобу хӯроки бепул ҳам таъмин мешаванд. Дар назар аст, баъди таҳияи барномаҳои таълимӣ ва мувофиқа намудани онҳо ба Вазорати маориф ва илм аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо шуъбаи магистратура ташкил гардад.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.2014 №: 137 Мутолиа карданд: 1434