маориф
ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН ДУ БАРОБАР ЗИЁД МЕШАВАД
Хуршед Зиёев, ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти донишкада дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ иброз дошт, ки баҳри амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015 – 2020 дастур шуд, ки лоиҳаи бинои нави иловагии таълимӣ дар назди донишкада таҳия гардад. Дар ин самт корҳои банақшагирӣ ва сохтмон шуруъ шудааст ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба итмом хоҳанд расид.
Соли таҳсили 2013 – 2014 аввалин маротиба магистратураи донишкадаро 13 нафар бо ихтисоси забони англисӣ, 540 нафар, аз ҷумла 335 нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ ва 192 нафар бо ихтисоси тарҷумонӣ хатм намуданд. Тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон, тарҷумонҳо ва омӯзгорони оянда аз 10 забон дар 20 ихтисос ба роҳ монда шудааст.
Зикр шуд, ки дар самти фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ низ дастовардҳо назаррасанд. Дар ин давра аз рӯи шаш самт корҳои илмӣ – тадқиқотӣ бурда шуд. 5 монография, 61 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ, дастури таълимию методӣ ба табъ расид. 6 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ барои дифоъ пешниҳод гардиданд.
Донишкада робитаҳои хориҷиро бо Хазинаи Сорос, маркази «Конфутсий», «Темпус», DAAD, Россотрудничество, ширкати чинии «China roud» ба роҳ мондааст. Ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддию техникии донишкада лоиҳаи грантии «Темпус» - «Тавсеаи меъёрҳои лингвистӣ дар таҳсилот» бо маблағи 60 ҳазор евро амалӣ шуда истодааст.
- Бо мақсади зиёд намудани сафи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ тасмим гирифтем, ки соли ҷорӣ қабули довталабонро ду баробар зиёд намоем, - гуфт ректори донишкада.
Ш. ҚУРБОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2014 №: 138 Мутолиа карданд: 1590