қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 21 июли соли 2014 № 481, ш. Душанбе
Дар бораи Холиқов Р. И.
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва бо мақсади таъмини идораи самараноки фаъолияти иқтисодию молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба уҳдаи Холиқов Рустам Исуфович, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» вогузор карда шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, нақлиёт, адлия, Кумитаи андоз, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии вобаста ба азнавташкилдиҳию муттаҳидшавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», дар муҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.07.2014 №: 140 Мутолиа карданд: 1522